ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Иҷрои барномаи Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) барои таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон аз соли 2025 оғоз мешавад.
Дар ин бора Имангалӣ Тасмағамбетов, дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар як чорабинӣ бахшида ба натиҷаҳои кори котибот ва ситоди муштараки ин созмон дар соли 2024 ва вазифаҳо барои соли 2025, ки дар Маскав баргузор шуд, хабар дод.
Дар ин чорабинӣ ҳамчунин раиси ситоди муштараки СПАД Андрей Сердюков ширкат дошт.
"Барнома тадбирҳои мушаххасеро дар бар мегирад, ки ба таъмини амнияти қисмати ҷанубии минтақаи масъулияти СПАД нигаронида шудаанд", - гуфт Тасмағамбетов.
Ба гуфтаи ӯ, дар соли 2024 асноди марбут ба муҷаҳҳаз сохтани ҷузъу томҳои Қӯшунҳои СПАД бо аслиҳа ва таҷҳизоти муосир баррасӣ ва имзо шуд.
Дабири кулл ҳамчунин қайд кард, ки соли гузашта барои СПАД осон набуд, вале ҳама нақшаҳо иҷро шуданд.
Ёдовар мешавем, ки иҷрои барномаи ҳадафманди таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон 5 солро дар бар мегирад.
Барнома аз се марҳила иборат аст, ки инҳо ташкил, таҳвили аслиҳа ва техника барои Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон мебошад.