ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Дар Суғд ҷаласаи Кумитаи тадорукоти Иди байналмилалии Наврӯз баргузор гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилоят хабар дод.
Бар хабари манбаъ, ҷаласа дар ҷойхонаи "Қалъаи Хуҷанд" таҳти раёсати раиси вилоят доир шуд.
Манбаъ афзуд, дар ҷаласа, ки бо ҳузури аъзои Кумитаи тадорукот доир гардид, масъалаи омодагӣ ба ҷашни байналмилалии Наврӯз ва вусъатбахшии корҳои ободониву созандагӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Таъкид карда шуд, ки Наврӯз аз қадимитарин идҳои тоҷикон ба шумор рафта, бо қарори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба иди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст.
Барои сазовор таҷлил кардани ин ид, раиси вилоят ба аъзои Кумитаи тадорукоти Иди байналмилалии Наврӯз дастуру супоришҳои қатъӣ дод.
Аз ҷумла, дар вилоят бояд корҳои ободониву созандагӣ, сабзу хуррам намудани муҳити зист, ташкили барномаҳои фарҳангӣ ва шаҳри ноҳияҳо ва сохтани иншоотҳои ҷашнӣ амалӣ шаванд.
Ёдовар мешавем, ки роҳбари давлат зимни сафари кишвардори Эрон, Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон ӯ ва соҳибкорони эрониро барои таҷлили ҷашни Наврӯз даъват намуда буд.