Маълум шуд, ки дар соли нав нархи “қувваи асп” дар Тоҷикистон чи қадар боло рафтааст

Дар соли 2025 маблағи андоз барои ҳар як “қувваи асп” и воситаҳои нақлиёт 5,3% дар муқоиса ба соли қаблӣ боло рафтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 янв – Sputniк. Дар соли 2024 андози ҳар як “қувваи асп” и нақлиёт 5,4 сомонӣ муқаррар шуда буд.
Ронандагони тоҷик дар бораи гарон шудани андози воситаҳои нақлиёт мегуянд.
Меҳровар Аҳроров, ронандаи мошини боркаш дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки андози аз воситаи нақлиёт барои соли ҷорӣ 5,63 сомонӣ баланд шудааст.
Ӯ, гуфт, ҳамин чанд рӯзи пеш мошинашро аз муоинаи техникӣ гузаронидааст.

“Иқтидори мошини манро аз рӯйи 90 “қувваи асп” ҳисоб карданд ва барои ин 506,7 сомонӣ танҳо маблағи андози роҳ супоридам” – гуфт, Аҳроров.

Ин ронандаи тоҷик изҳор намуд, ки ҳамасола бо баланд шудани пардохти андоз масрафи маблағи муоинаи техникӣ (техосмотр) и мошин ҳам беш аз пеш гарон мешавад. Ин ҳамсуҳбати мо зикр кард, ки барои муоинаи техникии мошинаш дар назди идораи БДА кам ё беш аз 2,500 сомонӣ харҷ кардааст.
Хадамоти алоқа ширкатҳои мобилиро ҷарима баст
Ҳамасола бо боло рафтани ҳаҷми нишондиҳанда барои ҳисобҳо пардохтҳои андоз ва дигар намуди хизматрасониҳо боло меравад.
Дар соли 2025 андозаи як нишондиҳанда барои 75 сомонӣ муқаррар шудааст.
Соли қаблӣ ин муқаррарот 72 сомонӣ буд.
Ронандагони тоҷик харҷи пардохт барои муоинаи техникии мошинҳоро дар муқоиса ба дигар кишварҳои ҳамҷавор гарон арзёбӣ мекунанд.