Вазири эронӣ гуфт, табодули коло бо Тоҷикистон то 4 соли оянда ба 1 млрд доллар мерасад

Вазири умури иқтисод ва дороии Эрон, таъкид кард, ки Теҳрон тиҷораташро бо Душанбе дар чаҳор соли оянда ба як миллиард доллар мерасонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Вазири умури иқтисод ва дороии Эрон Абдуносир Ҳимматӣ, ахиран дар гуфтугӯи вижаи шабакаи "Хабар" эълом кард, ки равобити иқтисодии Эрону Тоҷикистон дар як соли гузаштаи 50 дарсад рушд дошта ва ба 380 млн доллар расидааст.
Вай афзуд, ки ҳадафгузорӣ Эрон расӣдан ба як миллиард доллар дар чаҳор сол оянда аст.
Вай гуфт, паймонкорони Эрон дар Тоҷикистон фаъол ҳастанд ва потенсиали болоӣ барои густариши равобит бо Тоҷикистон ҳаст.
“Аз тарафии мақомоти ин кишвар низ банно доранд равобит густариш ёбад ва ҳатто қарор аст рафту омад мардуми ду кишвар бештар шавад ва ин мавзӯъ метавонад ба равобити иқтисодӣ кумак кунад, ҳадафгузорӣ дар давлат қабл ним миллиард доллар буд ва фикр мекунам то чаҳор сол оянда битавонем онро ба як миллиард доллар бирасонем”, - қайд кард вазири эронӣ.
Ҳимматӣ қайд кард, ки Тоҷикистон дар хусуси ҳаргуна умуре, ки ба умури сохтмону муҳандисӣ марбут аст ба технологии Эрон ниёз дорад ва бо фаъолони иқтисодии эронӣ ҳам дар ин кишвар суҳбат кардааст, ду моҳи пеши ҳам дар Узбекистон будааст ва заминаҳои зиёде барои мушорикат доштааст.
Вазири нерӯи Эрон: Авлавияти Теҳрон тавсеаи равобит бо Душанбе аст
Вай таъкид кард, ки агар Эрон битавонад тарози тиҷорӣ дар Тоҷикистонро ба як миллиард доллар бирасонад ҷамъи ҳамкориҳои тиҷорӣ бо ин кишварҳо ба рақами қобили тавваҷуҳе хоҳад расид.
Вазири умури иқтисод ва дороӣ эълом кард, ки равобити иқтисодии Эрон бо ҳамсоягон рӯз ба рӯз беҳтар шудааст ва бо идомаи ин раванд, ӯ умедвор аст дар оянда равобити тиҷории Эрон бо ҳамсоягон беҳбуд ёбад.
Вай афзуд, ки густариши ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа дар дастури кор давлати Эрон аст.
Вай илова кард, ки равобити Эрон бо Тоҷикистон бисёр хуб аст ва ӯ фикр мекунад, ки метавон онро бештар аз ин густариш дод.