Сафари Пезишкиён ба Маскав барои Тоҷикистону Осиёи Марказӣ чӣ имконотро фароҳам месозад?

Коршинос гуфт, ҳамкориҳои фаъоли Русия ва Эрон ба рушди равобит бо минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон таъсир мерасонад
Sputnik
Дар миёнаи моҳи январ Масъуд Пезишкиён, раисиҷумҳури Эрон, аз Тоҷикистон дидан кард ва пас аз он билофосила ба Маскав сафар кард ва дар он ҷо раҳбарони ду кишвар созишнома дар бораи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ миёни Маскав ва Теҳронро имзо карданд.
Коршинос Раҷаб Сафаров, мудири кулли Маркази омӯзиши Эрони муосир ба Sputnik Тоҷикистон гуфт охирин чунин созишнома соли 2001, дар замони раёсат ҷумҳурии Муҳаммад Ҳотамӣ имзо шуда буд.
Ба гуфтаи ӯ, созишномаи қаблӣ барои 10 сол бо тамдиди 5 сол имзо шуда буд. Аммо аз он вақт инҷониб вазъи геополитикӣ ва байналмилалӣ тағйир ёфт, аз ин рӯ зарурати имзои санади нав ба миён омада буд.
“Ин созишнома, ки аллакай таърихӣ шуд, равобити Русияву Эронро ба сатҳи нави мебарорад ва ба рушди соҳаҳои гуногун такони нав мебахшад”, - қайд кард Раҷаб Сафаров.
Ба гуфтаи вай, равобити тиҷорӣ, иқтисодӣ, илмию техникӣ ва ҳамкориҳои низомию техникии кишварҳо тавре ба роҳ монда мешавад, ки тамоми самтҳои асосии сиёсат ба ҳифз ва рушди ин муносибатҳо нигаронида хоҳад шуд.
Вазири эронӣ гуфт, табодули коло бо Тоҷикистон то 4 соли оянда ба 1 млрд доллар мерасад
Коршинос идома медиҳад , ки чунин ҳамкории фаъоли Русия ва Эрон, ба рушди равобити ин кишварҳо ва минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, таъсири судманд мерасонад.
"Ин моро водор мекунад, ки ба ҳама гуна чолишҳо ва таҳдидҳое, ки дар робита ба Осиёи Марказӣ ва Тоҷикистон ба миён меоянд, вокуниш нишон диҳем. Тоҷикистон, Эрон ва Русия дар чаҳорчӯби сохторҳои минтақавии сиёсӣ ва иқтисодӣ, аз қабили СҲШ фаъолона ҳамкорӣ мекунанд", - хулоса кард Сафаров.
Подкасти моро гӯш кунед, то бифаҳмед, ки пас аз сафари Пизишкиён ба Маскав барои Русия, Эрон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ имконоти навро боз мекунад.