Аз рублу доллар то евро: бозори асъор дар Тоҷикистон чӣ ҳол дорад?

Агар нишондиҳандаҳои аввали солро то имрӯз муқоиса кунем рубли русӣ дар қиболи пули миллӣ 1,5 сомонӣ коҳиш ёфтааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 янв— Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.
Тибқи нишондоди БМТ, арзиши рубли русӣ дар бозори арзи кишвар каме боло рафта, ҳоло 1000 рубл 109,4 сомонӣ арзиш дорад.
Қабл аз рӯзҳои истироҳатӣ дар кишвар бар ивази 1000 рубл 109, 3 сомонӣ медоданд. Яъне тағйирот чашмнорас аст, аммо вазъият ҳар лаҳза метавонад иваз шавад.
Аммо пули амрикоӣ бошад, тадриҷан қавитар мешавад.
Агар дар охири ҳафтаи қаблӣ як доллар дар сатҳи 10.9441 сомонӣ муаян шуда буд, пас ҳамакнун 10.9505 муқаррар шудааст.
Евро низ бомуруд гарон мешавад, вале ин ҳафта ҷаҳиши бештар дошт.
БМТ гуфт, чаро қурби доллар дар Тоҷикистон якбора гарону рубл арзон шуд
Ҳоло дар кишвар бар ивази як евро 11.2867 сомонӣ медиҳанд, ки нишондод ҷумъаи қаблӣ ба 11.2604 сомонӣ баробар буд.
Агар нишондиҳандаҳои аввали солро то имрӯз муқоиса кунем рубли русӣ дар қиболи пули миллӣ 1,5 сомонӣ коҳиш ёфтааст. Евро низ дар умум мизони коҳиш (11,2604) дошта, аммо доллар гарон (10,9441) шудааст.
Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.