ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Дар Қазоқистон 6 афсари пулис барои шиканҷа дар ошӯбҳои январи соли 2022 маҳкум шуданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти додгоҳи ноҳияи Қарасой хабар додааст.
"Моҳи январи соли 2022 44 ҷабрдида, аз ҷумла шаҳрвандони Узбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон дар боздоштгоҳи махсуси шӯъбаи корҳои дохилӣ ҷойгир карда шуданд",-изҳор дошт хадамоти матбуоти.
Ба иттилои манбаъ, айбдоршавандагон бо истифода аз ваколатҳои хизматиашон амалҳои хилофи қонун содир намудаанд, ки дар натиҷа ҷабрдидагон мавриди шиканҷа қарор гирифтаанд.
Гуфта мешавад, ки муттаҳамон ба муҳлати 3 солӣ аз озодӣ маҳрум шуданд.
Ёдовар мешавем, ки дар аввали моҳи январи соли 2022 дар Қазоқистон ошӯби оммавӣ рух дода, ширкаткунандагони он ба пулис ва низомиён ҳамла карданд.
Дар чанд манотиқи кишвар миёни эътирозгарон ва нерӯҳои амниятӣ задухӯрд ба вуқӯъ пайваст.
Президенти ин кишвар Қосимҷомарт Тоқаев дар як паёми видеоӣ мардумро даъват кард, ки ба иғво дода нашаванд. Сипас аз талоши табаддулот хабар дод ва барои кумак ба СПАД муроҷиат кард.
Вазъият то 7 январ ба эътидол омада, танҳо то 19 январ дар саросари ҷумҳурӣ вазъи фавқулодда бекор карда шуд. Ба гуфтаи мақомот, дар ҷараёни нооромиҳо 238 нафар кушта ва беш аз 4,5 ҳазор нафар маҷрӯҳ шудаанд.