Дар Тоҷикистон хавфи тармафароӣ ва сангрезӣ боқӣ мемонад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода аз идомаи боришот то ду рӯзи дигар хабар дода, сокинони минтақаҳои кӯҳиро ба эҳтиёткорӣ даъват кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Хавфи фаромадани тарма ва сангрезӣ то 20 январ боқӣ мемонад. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дода, афзуд, ки боришот то ду рӯзи дигар идома меёбад, аз ин рӯ эҳтимоли сангрезӣ ва фаромадани тарма зиёд аст.
Дар робита ба ин, Кумита аз шаҳрвандон ва махсусан аз сокинони минтақаҳои кӯҳӣ даъват намуд, ки эҳтиёткор бошанд.
Аз ҷумла хоҳиш намуд, ки ҳангоми истифодаи гармкунакҳои барқӣ қоидаҳои бехатарии сӯхторро қатъиян риоя кунанд ва аз истифодаи гармкунакҳои электронии худсохт худдорӣ кунанд.
Гузашта аз ин КҲФ даъват намуд, ки дар рӯзҳои зикршуда аз сафар ба минтақаҳои кӯҳӣ худдорӣ кунанд ва инчунин ба ҳезумҷамъкунӣ, шикору моҳидорӣ ва дигар корҳои саҳроӣ набояд раванд.
Дар Ванҷ се мард зери тарма мондаанд
Ёдовар мешавем, ки имсол бар асари фаромадани тарма дар ноҳияи Ванҷ як мард ба ҳалокат расид.
Ӯ ҳамроҳ бо ду марди дигар ба ҳезумҷамъкунӣ рафтанд, вале ҳангоми фаромадани тарма ҳар се зери барфмемонанд. Дуинҳо зинда наҷот ёфтанд, вале ҳамраҳи саввумашон ба ҳалокат расид.