Оташбас дар навори Ғазза расман эътибор пайдо кард: тафсилот

Исроил расман дарёфти феҳристи гаравгонҳоеро, ки дар чаҳорчӯби созиш бо ҷунбиши Ҳамос аз Фаластин раҳо мешаванд, тасдиқ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik. Дар навори Ғазза созишномаи оташбас аз соати 12:15 ба вақти Маскав эътибор пайдо кард.
Дар ин бора аз паёми дафтари сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу маълум шудааст.
Давлати яҳудиён расман гирифтани феҳристи гаравгонҳоро, ки дар чаҳорчӯби созиш бо ҷунбиши Ҳамос аз фаластиниҳо раҳо мешаванд, тасдиқ кард.
"Хадамоти амниятӣ дар ҳоли ҳозир тафсилотро тафтиш мекунанд",- гуфта мешавад дар изҳорот.
Таъкид мешавад, ки хонаводаҳои гаравгонҳои раҳошуда огоҳиномаи дахлдор гирифтаанд.
Марҳилаи аввали ин тавофуқ бояд 42 рӯз давом кунад ва дар ин муддат 33 гаравгон аз навори Ғазза ва Исроил ҳудуди 250 маҳбуси фаластиниро аз зиндон раҳо хоҳанд кард.
Илова бар ин, артиши Исроил нерӯҳои худро аз марзҳои Ғазза ҳадди ақалл 700 метр дуртар хоҳад кард.
Истеъфои вазирони исроилӣ баробари барқарории оташбас: онҳо идомаи ҷангро мехоҳанд
Хотиррасон менамоем, ки тарафхо ба ин созишнома муддати дароз омодагӣ дида буданд. Ҳамин тавр, гуфтушунид бо ёрии қувваҳои байналмилал давом кард.
Аввалин оташбас шаби 15 январ эътибор пайдо кард, ки дар ин бора дар Қатар созишнома ба имзо расид. Аммо худи рӯзи дигар Исроил Ҳамосро ба вайрон кардани созиши оташбас муттаҳам кард.
Дафтари Нетаняҳу афзуд, ки ҷунбиши Фаластин метавонад кӯшиш кунад, ки талабҳои нав гузорад ва дар лаҳзаҳои охир фишор оварад.
Дар ин замина нахуствазири Исроил изҳор дошт, ки кобинаи вазирон барои тасвиби тавофуқи Ғазза ҷаласа нахоҳад кард, то замоне ки миёнаравҳо хабар надиҳанд, ки Ҳамос ҳама нуктаҳоро пазируфтааст.
Аммо Ҳамос гуфт, ин Исроил аст, ки зери норозигии афроди ҷангхоҳ дар кобинаи ҳукуматаша ба Ғазза бомбандозиро аз сар гирифт.