Дар Теҳрон ду судяи суди Олиро куштанд

Дар маркази Теҳрон ҳодисаи фавқулода рух дод ва мақомоти ин кишвар онро ҳамчун амали террористӣ арзёбӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Ду судяи суди Олии Эрон, ки парвандаҳои гумонбарони терроризм ва ҷосусиро пеш мебурданд, дар маркази Теҳрон кушта шуданд.
Дар ин бора хадамоти матбуотии ҳукумати суди ҷумҳурии исломӣ хабар дод.
Гуфта мешавад, ки субҳи рӯзи шанбеи 18 январ як марди мусаллаҳ ба додрасҳо ҳамла кард. Ӯ вориди бинои Суди Олӣ шуда, ба ду судяе, ки дар мубориза бо ҷиноятҳои зидди амнияти миллӣ, ҷосусӣ ва терроризм таҷрибаи калон доштанд, сӯиқасд кард.
Эрон мотам дорад: Хоманаӣ гуфт, омилони ҳамлаи террористии Кирмон ҷазои сазовор мегиранд
Пас аз ин ҳамлаи террористӣ ду судя кушта шуданд. Илова бар ин, як судя ва муҳофиз захм бардоштанд.
Ҳамлагар пас аз қатлу замӣ кардани 4 кас худкушӣ кард.
Феълан кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Эрон ба таҳқуқу тафтиши ин ҳодиса оғоз карданд.
Мақомот ҳамлаи мусаллаҳонаро ҳамчун ҳамлаи террористӣ арзебӣ мекунанд ва феълан аз пайи муайян кардани ташкилкунандагони он ҳастанд.