Суғд ба маблағи миллиардҳо сомонӣ маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол кард

Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 янв – Sputnik. Кишоварзони шимоли Тоҷикистон соли гузашта дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ ба маблағи беш аз 22 млрд сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят дар майдони зиёда аз 283 ҳазор гектар кишти зироатҳо гузаронида шудааст.​
Тибқи структураи кишти тасдиқгардида дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилоят кишти зироатҳо дар майдони 282,8 ҳазор гектар замин гузаронида шуд.
Вилояти Суғд чӣ мекорад?
Мақомоти Суғд мегӯянд, аз ҷумла дар вилоят истеҳсоли сабзавот ба зиёда аз 686 ҳазор тона расонида шудааст. Инчунин, тавлиди мевагиҳо ба 254 ҳазор тон баробар шудаст.
Зикр гардид, ки масоҳати кишти гузаронидашудаи аксари зироатҳо дар соли 2024 нисбат ба соли 2023 афзудааст. Аз ҷумла, масоҳати кишти шолӣ 1014 гектар, картошка 3668 гектар, сабзавот 94 гектар, аз он пиёз 52 гектар зиёд буда, масоҳати умумии кишти зироатҳо нисбати соли қаблӣ 2515 гектар бештар шудааст.
Дар ҳамин ҳол, нисбат ба соли 2023 истеҳсоли ғалладонагиҳо 24 ҳазор тонна бештар аст.
Илова бар ин, суръати афзоиши истеҳсоли гӯшти чорвою паранда 108% аз ҷумла гӯшти паранда 100%, моҳӣ 101%, шир 106%, тухм 100% таъмин шудааст.