Дар саҳнаи Театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ саҳнаи яке аз рамзҳои асосии ҷашни солинавӣ — балети Пётр Илич Чайковский "Щелкунчик" дубора зинда шуд.
Намоиши балет толори театро пур аз тамошобин кард. Ба назар мерасад, ки сокинон бесаброна мунтазири бозгашти ин намоиши маҳбуб буданд.
Балет, ки онро балетмейстери боистеъдод Мария Левитская ба саҳна гузоштааст, тамошобинонро ба ҳайрат овард. Мусиқии мафтункунандаи Чайковский зинда иҷро шуд, ороиши зебои саҳна ва саҳнаҳои дурахшони хореографӣ афсонаи хақиқиро ба вуҷуд овард. Тамошобинон шодии худро пинҳон намедоштанд — ҳар як ҳаракати раққосон боиси кафкӯбии бардавом анҷом меёфт.
Махсусан саҳнаҳои персонажҳои афсонавӣ ва либосҳо, ки қисми таркибии намоиши балет гардиданд, хотирмон буд.
"Щелкунчик" бори дигар исбот кард, ки он классики ҷовидона боқӣ мемонад, ки қодир ба илҳом бахшидан ва муттаҳид сохтани наслҳо мебошад. Шаби театрӣ ба иди ҳақиқие табдил ёфт, ки дар дили тамошобинон муддати дароз бокӣ мемонад.