ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Сирояти шаҳрвандон ба “Метапневмовирус” дар ҳудуди Тоҷикистон сабт нашудааст, гуфт Наврӯз Ҷаъфаров, муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон.
Ба гуфтаи вай, мутахассисони тоҷик тавони муаян кардани ин вирусро доранд ва вазъро пайваста таҳқиқ мекунанд.
“Тибқи таҳлилҳо, ки то 400 намуна аз минтақаҳои кишвар ҷамъовариву омӯхта шуданд, ин вирус дар ҷумҳурӣ нест”,- гуфт мутахассис.
Қаблан расонаҳо аз хуруҷи метапневмовирус дар Чин хабар дода буданд. Маъмурияти назорат ва пешгирии бемориҳо дар Чин гуфт, ки он дар асоси маълумоти намунаҳое, ки дар беморхонаҳои Чин дар ҳафтаи охири моҳи декабр гирифта шудаанд, муайян карда шудааст.
Маълум аст, ки ин вирус бештар дар музофотҳои шимолии Чин паҳн шудааст.
Муассисаҳои тиббии кишвар аз ҳад зиёд серодам будаанд ва дар ин ҳодиса кӯдакон бори гарон шудаанд. Сатҳи фавт аз ин вирус аз рақамҳои дар давраи пандемияи COVID-19 сабтшуда зиёдтар буда, 43% -ро ташкил медиҳад.
Бо вуҷуди афзоиши шумораи ниқобпӯшон дар байни аҳолии маҳаллӣ, то ҳол маҳдудиятҳои расмӣ ва бастани иншоот ҷорӣ карда нашудаанд.
Метапневмовирус дар Қазоқистон низ сабт шудааст. Вазорати тандурустии ин кишвар хабар дод, ки афзоиши беморӣ мавсимӣ буда, 1,6% -ро ташкил медиҳад. Дар маҷмӯъ, дар кишвар 30 ҳолати сироятёбӣ ошкор шудааст.
Аломатҳо аз сулфа, дарди гулӯ, оби бинӣ, нафастангь, баланд шудани щарорати бадан иборатанд.