Эълони қурби асъор: тақвияти сомониву уфти доллару евро

Рубли русӣ тавонист ҳафтаи навро дар бозори асъори Тоҷикистон, дар қиболи евро ва доллар бидуни тағйирот оғоз намояд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон қимати пули миллӣ дар баробари асъори маъмул тақвият ёфтааст.
Дар ин бора нишондодҳои тоблуи арзии Бонки миллии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Тибқи нишондоди ин ниҳод, рубли русӣ тавонист нишондодҳои охири ҳафтаи гузаштаро ҳифз кунад. Имрӯз низ дар кишвар 1000 рубл 110,4 сомонӣ қимат дорад.
Аммо ғайриинтизор қимати доллар ва евро ҳамфтаро бо коҳиш оғоз кардааст.
Бино ба маълумоти БМТ, агар ду рӯз қабл як доллари ИМА ба 10.9485 сомонӣ баробар буд, ҳоло 10,9435 сомонӣ қимат дорад.
Ҳамчунин ҳоло ҳар евро 11,2742 сомонӣ қимат дорад. Ин дар ҳолест, ки ҷумъаи гузашта бар ивази ҳар евро 11,2791 сомонӣ медоданд.
Бонки миллии Тоҷикистон аз беҳтар шудани вазъи низоми бонкӣ дар кишвар хабар дод
Дар ҳамин ҳол БМТ ҳушдор додаст, ки берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст.
Таъкид шудаст, ки риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.