“Ба дунболи Раисӣ”: Роҳи Пизишкиён аз тариқи Душанбе ба Маскав

Коршиносони тоҷик мегӯянд, сафари Масъуди Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон ба Душанбе метавонад омодагӣ ба сафари ӯ ба Маскав бошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Ҳафтаи оянда Масъуди Пизишкиён, раиси ҷумҳури Эрон вориди Тоҷикистон мешавад.
Ин нахустин сафари ӯ ба унвони раиси ҷумҳурӣ ба Душанбе буда, ду рӯз идома хоҳад кард ва дар ин муддат ӯро Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ҳузур мепазирад.
Ин дидор дуввумин мулоқоти раҳбарони Тоҷикистону Эрон пас аз савганди Пизишкиён хоҳад буд. Нахуст дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаи Умумии СММ дар Ню-Йорк баргузор шуд.
Тарафи Эрон ба ин сафар аҳамияти хос медиҳад. Ба ин тартиб, дар остонаи сафари Пизишкиён як ҳайати тиҷорӣ аз Теҳрон ба раҳбарии раиси Палатаи савдо ва саноеъ вориди Душанбе мешавад, ки тарафҳо қасд доранд бастаи бузурги асноди бахшҳои иқтисоду тиҷорат ва фарҳангро имзо кунанд.
Интизор меравад, дар ин сафар Пажӯҳишгоҳи фарҳанги форсиву тоҷикӣ ифтитоҳ ва фаъолияти маркази “Саломат” – и Ҳилоли Аҳмар, ки дар гузашта мутаваққиф шуда буд, аз сар гирифта шавад.
Мақомдори эронӣ: Пизишкиён баъд аз сафар ба Тоҷикистон ба Русия хоҳад рафт
Дар ҳамин ҳол, ин аввалин сафари раисҷумҳури Эрон ба як кишвар дар қораи АвруОсиё хоҳад буд, ки дар таърихи сафарҳои раҳбарони ин кишвар бесобиқа нест. Сайид Иброҳим Раисӣ, раисҷумҳури собиқи Эрон, низ аввалин сафари худ ба қораро аз Тоҷикистон шуруъ карда буд.
Раисиҷумҳури нави Эрон ба Душанбе чӣ меорад, Sputnik Тоҷикистон онро баррасӣ кард.

Пизишкиён роҳи Раисиро идома медиҳад

Коршиносон мегӯянд, Эрон ҳамеша таваҷҷуҳи хосе ба Тоҷикистон, ки мисли Эрон, як кишвари форсизабон дар ҷаҳон, доштаву дорад ва он гуна ки дида мешавад, ҷойгоҳи онро дар сиёсати хориҷии худ тағйир надодааст.
Қосими Бекмуҳаммад, коршинос дар умури минтақаву Эрон, мегӯяд, ҳарчанд гуфта мешуд, Пизишкиён аз ҷиноҳи ислоҳталабон намояндагӣ мекунад ва идомаи ҳукумати Ҳасани Руҳонӣ, ки чандон таваҷҷуҳи хосе кишвари ҳамзабонаш нишон надод, хоҳад буд, аммо дида мешавад, сиёсати Раисӣ, он ҳам авлавияти кишварҳои шарқӣ, қабл аз ҳама кишварҳои ҳамсоя ва перомуниро пеш гирифтааст.
“Барои Тоҷикистон қабл аз ҳама ҳузури иқтисодӣ ва сармоягузории Эрон дар дохил муҳим аст. Эрон дар соҳоти кишоварзӣ ва саноат ба фанновариҳои ҷадиде даст ёфтааст, ки Тоҷикистон низ ба онҳо ниёз дорад. Аз сӯи дигар, чолишҳои амниятие, ки пас аз таҳаввулоти ахир дар Ховари Миёна ва чолишҳои ҳанӯз мавҷуд дар Афғонистон, аз ҷумла хатари созмонҳои террористӣ, заминаҳоеро барои ҳамкории танготанги тарафҳо фароҳам мекунанд”, - гуфт Қосими Бекмуҳаммад.
Тоҷикистону Эрон ду кишвари ҳамсояи Афғонистон ҳастанд, ки он ҷо ҳоло Толибон ҳукумат мекунанд ва беш аз 20 созмони террористии минтақаиву байнулмилалиро паноҳ додаанд.
Дар миёни онҳо “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, як созмони террористии иборат аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва ҳам “Ҷайш-ул-адл”, созмони террористии балучҳои Эрон ҳузур ёфтаанд. ДОИШ – созмони дигари террористист, ки Тоҷикистону Эрон ва ҳам тамоми кишварҳои минтақа онро хатари ҷиддие ба амнияти миллии худ меҳисобанд.
Ҷузъиёти сафари Пизишкиён ба Тоҷикистон эълом шуд
Дар ҳамин ҳол, сафари Масъуди Пизишкиён ба Душанбе ва мулоқот бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонро иддае дигар аз коршиносон як гуна муқаддимае барои сафари раҳбари Эрон ба Маскав арзёбӣ мекунанд, ки қарор аст то 20 январ сурат гирад ва дар пайи он созишномаи ҳамкориҳои стратегии Русияву Эрон ба имзо расад.
Музаффар Олимов, коршиноси аршад дар умури минтақа, мегӯяд, пас аз таҳаввулоти ахир дар Ховари Миёна ва ҳам эҳтимоли тағйири вазъ дар Афғонистон, ки мустақим сари амнияти Эрону Русия ва ҳам Осиёи Марказӣ таъсир хоҳанд дошт, машваратҳо бо Тоҷикистон, ҳамкори стратегии Русия, барои Теҳрон муҳим аст.
“Пас аз суқути режими Башшор Асад дар Сурия, ки таҳти ҳимояти Маскаву Теҳрон қарор дошт, хатари стратегиро ба ҳарду наздик ва бештар аз ҳама Теҳронро осебпазир ва ниёзи онро ба Маскав бештар кард. Ҳамзамон дар Қафқоз, ки Фаронсаву Амрико ва Исроилу Туркия сар даровардаанд, Русия ба ҳамкории Эрон ниёз дорад”, - гуфт Фирдавс Ҷалилов.
Ба бовари коршиносон, Тоҷикистон амалан нуқтаи васли Эрону Русия дар Осиёи Марказӣ аст, ки бозигарони хориҷӣ, аз ҷумла Туркияву Амрико ва Инглис фаъол шудаанд ва аз адабиёти зиддитолибонии раисҷумҳури нави Амрико бармеояд, ки Афғонистон низ дастхуши ҳаводис хоҳад шуд.
Фирдавс Ҷалилов, коршиноси дигар дар умури минтақа, мегӯяд, агар санади ҳамкориҳои стратегии Русияву Эрон ба имзо расад, ин барои амнияти минтақа, қабл аз ҳама Тоҷикистон, хеле муҳим аст.
Ҳайати бузурги тоҷирони Эрон озими Тоҷикистон мешаванд
“Амрикои Трамп он гуна, ки ба назар мерасад, аз тамоми василаҳо, аз ҷумла ДОИШ ва нерӯҳои зиддитолибонӣ, истифода хоҳад кард, то ба манофеъи Русияву Эрон ва Чин зарба занад. Аммо нуфузи Тоҷикистону Эрон бар нерӯҳои зиддитолибонӣ муҳосибаро ба нафъи Русияву Чин тағйир хоҳад дод”, - гуфт Музаффар Олимов.
Коршиносон ҳамзамон ба ин нукта ишора мекунанд, ки эҳтимол дорад дар Душанбе мавзуъи шомил шудани Эрон ба Созмони паймони амнияти ҷамъӣ ба баррасӣ гирифта шавад, ки Тоҷикистон узвияти онро дорад ва Эрон низ аз соли 2009 ба ин сӯ таваҷҷуҳи худро ба ин созмон маътуф сохтааст.
Дар ин миён Ҷумҳурии Исломӣ узвияти Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой, созмонеро, ки Русияву Тоҷикистон ва ҳам Чин узвияти онро доранд, ба даст овард.