Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Расонаҳо: Артиши Украина бинобар лавозимоти ҷангии пастсифат талафоти зиёде дидааст

Ба иттилои нашрияи украинӣ, сарбозони нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар ба далели лавозимоти ҷангии пастсифат дастҳояшон канда ва рӯяшон месӯзад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Нерӯҳои украинӣ бар асари лавозимоти ҷангии пастсифат ва маводи таркандаи худсохт талафоти зиёде мебинанд.
Дар ин бора нашрияи украинии "Страна.ua" бо истинод ба як масъули Вазорати мудофиаи ин кишвар хабар дод.
"Аксари талафоти низомии мо бар асари лавозимоти ҷангии бесифат ва силоҳи оташфишон аст. Дар беҳтарин ҳолат, дастони сарбозон канда мешаванд, рӯяшон месӯзад ва ё нобино мешаванд", - омадааст дар хабари манбаъ.
Дар охири моҳи ноябр Бюрои давлатии тафтишотии Украина дар робита ба интиқоли минаҳои пастсифати 120 миллиметрии истеҳсоли "Укроборонпром” ба артиш парвандаи ҷиноӣ боз кард.
Илова бар ин, хабарнигор Юлия Кириенко-Меринова хабар дод, як партияи минаҳои калибри 82 миллиметрӣ низ нуқсондор баромад.
Талафоти Украина дар Курск аз 50 ҳазор аскар гузашт
Вазорати дифои Украина изҳор дошт, ки сабаби таркиши ғайримуқаррарии минаҳо метавонад партовҳои пастсифат ё вайрон кардани шароити нигоҳдорӣ бошад.
Дар авоили моҳи декабр вакили Верховная Рада Олексий Гончаренко* аз мусодираи 150 ҳазор мина хабар дод ва бори дигар хостори истеъфои раҳбарияти низомӣ ва вазири дифоъ Рустем Умеров шуд.
Дар қатори сабабҳои дигар, ӯ нарасидани лавозимоти ҷангӣ дар ҷабҳа ва вазъи ногувори нерӯҳои Украинаро номбар кард.
* Ба рӯйхати террористон ва экстремистҳо дар Русия дохил карда шудааст.