ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе дастоварду пешравиҳои як соли гузаштаро ҷамъбаст кард.
Ба иттилои рӯзномаи “Ҷумҳурият” ҷаласаи мушовараи сарраёсати маорифи пойтахт бо иштироки муовини вазири маориф, Равшан Каримзода ва муовини раиси шаҳри Душанбе Дилбар Одилзода баргузор гардид.
Дар ҷаласа Баҳром Исмоилзода, сардори сарраёсати маорифи пойтахт изҳор намуд, ки соли гузашта барои аҳли маорифи пойтахт соли рушду муваффақиятҳо буд.
Аз ҷумла зикр гардид, ки соли гузашта 3 326 хонандаи муассисаҳои таълимии пойтахт дар олимпиадаҳои байналмилалӣ иштирок намуда,сазовори 955 ҷойи ифтихорӣ гардиданд.
Дар идома қайд гардид, ки аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо дар пойтахт 22 муассисаи таҳсилоти тобактабӣ барои 3 929 ҷой ва 53 муассисаи таҳсилоти умумӣ барои 48 386 хонанда пас аз бунёду навсозӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, бо назардошти он ки дар пойтахт сохтмони биноҳои баландошёна бомаром идома дорад ва аҳолии пойтахт дар ҳоли афзоиш аст, аз ин рӯ то 35 – солагии ҷашни истиқлоли кишвар дар Душанбе сохтмони боз 60 муассисаи томактабӣ барои 12 390 ҷой ва 21 муассисаи таълимӣ барои 20 176 хонанда ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамин тавр дар ҷаласа фаъолияти сарраёсати маорифи Душанбе дар соли 2024 қаноатбахш арзёбӣ гардида, нақшаи кор барои соли 2025 тасдиқ шуд.