Аз Хатлон 300 нафар даъватшавандаҳо ба курсҳои ройгон ҷалб мешаванд

Раиси вилояти Хатлон қарор дар бораи Дар бораи тайёр намудани мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳ дар даъвати баҳории соли 2025 имзо кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 янв - Sputnik. Вилояти Хатлон аз ҳоло ба даъвати баҳорӣ ба сафи артиши миллӣ омодагӣ гирифтааст.
Бо мақсади таъмини Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон бо мутахассисони касбӣ аз ҳисоби даъватшавандаҳо, қарори раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид “Дар бораи тайёр намудани мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳ дар даъвати баҳории соли 2025” ба тасвиб расид.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, тибқи ин қарор, раисони шаҳру ноҳияҳо, комиссариатҳои ҳарбӣ ва сохторҳои Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа (ТҶММ) илова ба нақшаи Вазорати мудофиаи кишвар оид ба ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ ва ҳамчунин ҳавасмандгардонӣ барои интихоб ва пурра намудани курсҳои кутоҳмуддати ронандагӣ барои Артиши миллӣ дар сохторҳои Кумитаи ТҶММ-и вилояти Хатлон бояд на камтар аз 30 фоизи нақшаи даъвати баҳории соли 2025-ро амалӣ ва маблағгузории онро аз ҳисоби буҷетҳои маҳаллӣ таъмин намоянд.
Аҳмадзода: Солҳои охир сафи ихтиёриён, барои пайвастан ба артиш хело зиёд шудааст
Ҳамзамон, дар доираи Барномаи давлатӣ зиёда аз 300 нафар даъватшавандаҳо дар курсҳои ройгони ошпаз, тракторчӣ, барқчӣ, кафшергарӣ ва дигар ихтисосҳои барои Қувваҳои Мусаллаҳ зарур таҳсил хоҳанд кард.
Тибқи дастури раиси вилояти Хатлон, дар бораи баланд бардоштани рӯҳияи меҳандӯстиву ватанпарварии ҷавонон чорабиниҳои ташвиқотӣ гузаронида шуда, шиносоии шунавандагони курсҳои ронандагӣ бо шароити хизмат, техникаи ҳарбӣ, қисмҳои низомие, ки дар ҳудуди вилояти Хатлон ҷойгиранд, пешбинӣ шудааст.