ДУШАНБЕ, 8 янв – Sputnik. Мулоқоти сарвазирони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар марзи миёни шаҳри Исфара ва ноҳияи Ботканд оғоз шуд.
Дар ин бора манобеъи Sputnik Тоҷикистон аз ҳукумати шаҳри Исфара иттилоъ доданд.
Бино ба иттилоъи манбаъ, дар мулоқоти сеҷониба масъалаҳои марзӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
“Субҳи имрӯз мулоқоти сарвазирон дар гузаргоҳи наздисарҳадии “Гулистон” -и шаҳри Исфара, ҳаммарз бо гузаргоҳи “Қизилбел” -и ноҳияи Ботканд шурӯъ шуд” – гуфт, манбаъ.
Тоҷикистону Қирғизистон байни ҳам беш аз 970 километр марзи муштарак доранд, аммо номуайян боқӣ мондани сарҳад то соли 2022 борҳо сабаби рухдоди муноқишаҳои марзӣ гардида буд.
Дар охирин муноқишаи марзӣ, ки соли 2022 рух дод, таҷҳизоти вазнини ҷангӣ истифода шуд ва аз ҳарду ҷониб садҳо нафар ҳалок шуданд.
Комиссияи байниҳуқуматии Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи декабри соли 2024 эълом доштанд, ки сарҳади давлатиро байни ҳам пурра муайян намуданд.