ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. Дар Тоҷикистон то охири ҳафтаи равон ҳавои нисбатан гарм боқӣ мемонад, хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, чунин вазъи ҳаво хатарнок буда, ҳолатҳои фаромадани тарма, сангрезӣ ва лағзиши замин зиёд хоҳад шуд.
Илова бар ин, то охири ҳафта фаромадани тумани ғавс низ пешгӯӣ мешавад, ки барои ронандагон ниҳоят хатарнок аст.
Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш дар роҳ ба ронандагон хотиррасон мекунад, ки ниҳоят эҳтиёткор бошанд, қоидаҳои ҳаракат, суръати мошин ва фосилаи байни мошинҳоро қатъиян риоя кунанд.
Тавсия дода шд, ки қабл аз сафар мошинро бори дигар бояд аз назар гузаронд ва чархҳои тобистонаро ҳатман ба шинаҳои зимистона иваз кард.
Кумита ба сокинони доманакӯҳҳо ва навоҳии кӯҳистон муроҷиат карда, аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки ҳангоми чаронидани чорво эҳтиёткор бошанд, кӯдаконро ба ҳезумчинӣ нафиристанд ва ба мавсими мувофиқ либос бипӯшанд.