Аз дуди ангишт дар Тоҷикистон ҳамасола одамони зиёд осеб мебинанд

Нодуруст истифода шудани ангишт дар зимистон паёмадҳои ногувор дошта, ҳамасола даҳҳо нафар аз он заҳролуд гардида, ҳолатҳои фоҷиабор ҳам сабт шудаанд
Sputnik
Дар Тоҷикистон дар фасли зимистон сокинони шаҳру навоҳӣ умдатан хонаву корхона ва ҳамзамон муассисаҳои таълимиро бо печҳои аловӣ гарм мекунанд.
Ин ба далели он аст, ки лаҳсолаҳо боз дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ истифодаи гази табиӣ қатъ шудаасту марказҳои гармидиҳии ягона ҳам фаъол нестанд.
Печҳои бухориро одатан бо ҳезуму ангишт гарм мекунанд, аммо дар баъзе ҳолатҳо бинобар нодуруст истифода бурдани ангишт оқибатҳои нохуш ба вуҷуд меоянд.
Аз ҷумла, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон чанд рӯз қабл дар бораи заҳролудшавии чор узви як хонавода дар маҳаллаи Себзори ноҳияи Шаҳристон иттилоъ дод, ки дар натиҷа ду нафар ҷон бохта ва ду нафари дигар бино бар вазъи нохуби саломатӣ дар бемористон бистарӣ шудаанд.
Фоҷеаи дар Шаҳристон: Чор кӯдаки як оила аз дуди ангишт заҳролуд шудаанд
Султон Раҳмонзода, сардори маркази назорати давлатии санитарӣ ва эпидемиологии вилояти Суғд мегӯяд, ангишт зоҳиран маводи сӯхти безиён аст, вале ҳангоми нодуруст истифода бурдан дар печҳо паёмади ногуворе ба вуҷуд омаданаш эҳтимол дорад.
Бино ба арзёбии ин масъули Идораи эпидемиологии Суғд ҳангоми сӯзондани ангишт аз он газҳои заҳрогин ба монанди карбон, оксиди сулфур ва оксиди нитроген хориҷ мешаванд ва нафас кашидани он барои саломатӣ хатарбор хоҳад буд.
“Печҳо дар ҷойҳои махсус ва дур аз назди кӯдакон ҷойгир шуда, дудбурояки онҳо ҳар сол бояд тоза ва ё иваз карда шаванд. Ангишт бояд дар ҳавои кушод сӯхтонида (сурх) шуда сипас ба печҳо андохтан дуруст аст. Атрофи печҳои бухорӣ бояд тозаю озода нигоҳ дошта шаванд” – гуфт, Раҳмонзода дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон.
Баъди похурии Иттифоқи Шӯравӣ аксар марказҳои гармидӣ дар шаҳрҳои бузурги Суғд корношоям гардида фаъолияти онҳо қатъ гардид.
Бино бо сабаби фаъол набудани марказҳои гармидиҳӣ дар аксари макотиб, синфхонаҳо ҳам тавассути печҳои аловӣ гарм карда мешавад. Ба ин далел ҳамасола масъулин барои хариддории ангишт ва ҳезум дар макотиб муваззаф мешаванд.