ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Дар доираи сафари раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон ҳамзамон 15-16 январи соли равон як ҳайати бузурги тоҷирони эронӣ вориди шаҳри Душанбе мешаванд, иттилоъ додааст утоқи бозаргонии Эрон.
“Дар ростои тавсеаи ҳамкориҳои тиҷории ду кишвар ва бо ҳамкории созмони тавсеаи тиҷорат, ҳайатии тиҷории муташаккил аз ширкатҳои тавонманд, ба сарпарастии Самад Ҳасанзода, раиси утоқи бозаргонии Эрон вориди шаҳри Душанбеи Тоҷикистон мешаванд”, - қайд кардааст манбаъ.
Барномаҳои пешбинишудаи шомили баргузарии ҳамоиш ва нишастҳои тиҷорӣ ва B2B дар шаҳри Душанбе бо ҳузури ширкатҳо ва мақомоти Тоҷикистон, боздид аз марокизи тиҷорӣ ва санъатӣ, баргузории нишаст дар сифорати Эрон хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки ахиран мақомоти Тоҷикистон эълом кард, ки ҳафтаҳои наздик Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад.
Ба иттилои манбаъ, қарор аст, ин сафар дар моҳи январ ҳафтаҳои наздик сурат мегирад.
Тибқи иттилои манбаъ, дар доираи ин сафар мулоқоти роҳбарони ду давлат ва дигар вохӯриҳо дар назар дошта шудааст.