ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Абдулкабир, муовини сиёсии раисулвузрои Толибон* мегуяд, ки равобити сиёсии ин гуруҳ бо Тоҷикистони нисбат ба гузашта дар ҳол пешрафт аст, иттилоъ додааст расонаҳои маҳаллӣ.
Мақомдори ҳукумати феълии Афғонистон гуфт, ки бо он ки Тоҷикистон ҳануз сифорати Афғонистонро ба Толибон* вогузор накардааст, аммо равобити тиҷории густардае миёни ду кишвар ҷараён дорад.
Муовини сиёсии раисулвузарои Толибон* гуфт, ки сифорати Афғонистон дар Душанбе токунун таҳти мудирияти ин гурӯҳ нест, аммо гузаргоҳи Шерхон Бандар ба рӯй тоҷирони ду кишвар боз аст.
Абдулкабир мегуяд, ки тоҷирони афғону Тоҷикистон дар ҳоли ҳозири миёни ду кишвар рафт ва омад мекунанд.
Ӯ дар суханронии худ дар Кобул муддаӣ шуд, ки равобити сиёсӣ ва иқтисодии Толибон* бо кишварҳои минтақа дар ҳоли густариш ва пешрафт будааст.
Ин мақоми Толибон* ҳамчунон аз кишварҳои мизбони муҳоҷирони афғон хост, ки аз ихроҷи иҷбории афғонҳо даст бикашанд ва иҷоза диҳанд афғонҳо довталабона ба кишваршон баргарданд.
Дар беш аз се соли гузашта, Тоҷикистони нисбат ба дигари кишварҳои Осиёи миёна камтарини равобитро бо Толибон* дошта аст.
Тоҷикистон токунун ҳозир нашудааст намояндаи дипломатики ҳукумати феълиро дар сифорати Афғонистони бипазирад.
* - ин гурӯҳ барои амалҳои терроритиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.