Нахустин сафари расмии раисҷумҳури Эрон ба Тоҷикистон

Ҳафтаҳои наздик Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташриф меорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Масъуд Пизишкиён, раисҷумҳури Эрон дар оғози соли нави милодӣ ба Тоҷикистон меояд.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомлӣ хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, қарор аст, ин сафар дар моҳи январ ҳафтаҳои наздик сурат мегирад.
Тибқи иттилои манбаъ, дар доираи ин сафар мулоқоти роҳбарони ду давлат ва дигар вохӯриҳо дар назар дошта шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои эронияшро барои боздид аз Душанбе дар номаи табрикияш ва дидорашон даъват карда буд.
Пизишкиён ба Раҳмон гуфт, Тоҷикистон дар авлавияти сиёсати хориҷии Эрон аст
Ёдовар мешавем, ки бори ахир президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорк дар ҳошияи иҷлоси Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо раисҷумҳури Эрон муҳтарам Масъуд Пизишкиён мулоқот карда буд.
Дар ин дидор Эмомалӣ Раҳмон аз рушду тавсеаи назарраси равобити дӯстиву бародарӣ ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Эрон ёдовар шуда, изҳор дошт, ки Тоҷикистон омодааст минбаъд низ барои тақвияти он тадбирҳои муштараки амалӣ андешад.
Кишвардори Эрон дар ин дидор низ, густариши муносиботу ҳамкориҳо бо Тоҷикистонро дар авлавияти сиёсати хориҷии ҳукуматаш донист.