ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Муҳоҷироне, ки вориди хоки Русия мешаванд, акнун бояд изи ангушт ва акси чеҳра супоранд.
Тибқи қарори ҳукумати Русия ин қоида аз 30 июни соли 2025 ҳангоми убури сарҳад тавассути ҳама гуна гузаргоҳ амал мекунад.
Аммо навоварӣ ба шахсони зерини рабт надорад:
шаҳрвандони Беларус;
кӯдакони то 6 сола;
дипломатҳо ва кормандони намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷӣ дар Русия ва аъзоёни оилаҳои онҳо;
кормандони ташкилотҳои байналмилалӣ ва намояндагиҳои онҳо, ки дар Русия аккредитатсия шудаанд ва аъзоёни оилаҳои онҳо.
Гуфта мешавад, ки барои вуруди бидуни раводид ба Русия муҳоҷирон метавонанд дар барномаи вижа маълумоти биометрии худ, ҳамчунин маълумоти умумӣ ва иттилоъ дар бора ҳадафи сафар пешниҳод намоянд.
Ёдовар мешавем, ки 1 декабри соли 2024 дар Русия лоиҳаи озмоиши супурдани маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд. Назорати биометрӣ дар фурудгоҳҳои Маскав - Шереметьево, Домодедово, Внуково ва Жуковский ба кор шурӯъ кард. Лоиҳа ҳамчунин ба гузаргоҳи Маштаковои вилояти Оренбург рабт дорад.
Бар асоси тартиби феълии сабти изи ангушт, шаҳрвандони хориҷӣ пас аз ворид шудан ба қаламрави Русия маълумоти биометриро пешниҳод мекунанд.
Бо дарназардошти талаботи имрӯза, муҳоҷирон аксар вақт ҷиноят содир мекунанд , иҷбории Русияро тарк мекунанд ва сипас ҳуҷҷатҳои худро иваз карда дубора ба Русия бармегарданд.