ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Тоҷикистон бояд барои ҳамгироӣ бо Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) кайҳо боз бояд қадам мегузошт.
Дар ин бора раиси Клуби таҳлилии АвруОсиё Никита Мендкович ба Sputnik Тоҷикистон иброз дошт.
"Дар маҷмӯъ, тамоми аҳолии Тоҷикистон зарурати амиқтар кардани ҳамгироиро дарк мекунанд. Мардуми оддӣ ин масъаларо дар назди ҳукумат ва президент матраҳ кардаанд, ки мо бояд ҳамкорӣ ҳамгироӣ кунем. Софдилона кунем то даромади худро афзоиш диҳем", - гуфт коршинос.
Вай ёдовар шуд, ки равобити Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя тақвият меёбад.
Аз ин имзои созишномаи иттифоқӣ бо Узбекистон ва Қазоқистон, санад дар бораи ташкили долони гумрукии содда бо Русия шаҳодат медиҳад.
"Дар маҷмӯъ, ҳамгироӣ ягона роҳи рушди иқтисоди минтақа аст, зеро таърихан он ҳамчун як ҷузъи системаи бузурги иқтисодии Русия, қаблан шӯравӣ ташаккул ёфтааст, ки дар он ҳар як минтақа нақши худро бозидааст".
Ба гуфтаи Мендкович, вақте ин робитаҳои байни ин минтақаҳо қатъ шуданд, бисёре аз корхонаҳо аз кор монданд ва дар солҳои 90-ум саноати кишвар фалаҷ шуд.
Ин робитаҳо барои барқарорсозии равобит заруранд, бинобар ин ҳамгироӣ иқтисодиро бояд барқарор кард. Узбекистон барои шомил шудан ба ИИАО омодагӣ мебинад, созишномаҳои нав оид ба савдои транзитӣ ба имзо мерасонад - ин қадамҳои муҳим дар ин самт мебошанд.
"Муҳим аст, ки Тоҷикистон имкониятҳои алоқамандро аз даст надиҳад ва дар раванди ҳамгироӣ зудтар ва фаъолона ширкат варзад", - таъкид кард таҳлилгар.
Ёдовар мешавем, ки Тоҷикистон аз соли 2015 имкони шомилшудан ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиёро баррасӣ дорад.
Президенти Русия Владимир Путин борҳо дар бораи зарурат ва аҳамияти афзоиши ҳамкориҳои ҷумҳурӣ бо кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё изҳори назар кардааст. Вай инчунин ба рушди бомуваффақияти муносибатҳо дар дохили созмон ёдовар шуд.
Қаблан Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон гуфта буд, ки Душанбе барои қабули тасмим дар бораи пайвастан ба Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё таҷрубаи кишварҳои дигарро меомӯзад.
Сипас таъкид кард, ки мақомоти ҷумҳурӣ ҷанбаҳои мусбат ва манфии пайвастан ба ин созмонро арзёбӣ мекунанд ва таҷрибаи Қирғизистону Арманистонро меомузад.