ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати иҷроияи федеролии судии Русия, дар як соли гузашта теъдоди муҳоҷирони ихроҷшуда ба 18 ҳазор нафар расидааст.
"То нимаи моҳи декабри соли 2024 кормандони ин ниҳод ба ихроҷи маъмурии беш аз 18 ҳазор шаҳрвандони хориҷиро аз Русия ихроҷ карданд. Бояд гуфт, ки дар соли 2023 – ихроҷ тақрибан 12 ҳазор нафар ташкил дода буд”, - қайд кардааст ин ниҳоди давлати Русия.
Ба иттилои ин ниҳод аксари муҳоҷирони ихроҷшуда зодагони кишварҳои ИДМ мебошанд.
Бештар аз ҳама миёни муҳоҷирони ихроҷшуда шаҳрвандони Узбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳастанд.
Дар миёни қонуншиканон се шаҳрванди кишварҳои Аврупо: Латвия, Фаронса ва Эстония низ ҳузур доранд.
Ҳамаи онҳое, ки ихроҷ карда шудаанд, аз ҷониби суд дар содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тибқи моддаи мазкур гунаҳкор дониста шуданд.
Тиқи қавонини Русия дар панҷ соли оянда шахсони ихроҷшуда наметавонанд ба хоки Русия вкркд шаванд.
Қаблан намояндагии ин ниҳод дар вилояти Маскав ба хабаргузории ТАСС хабар дода буд, ки соли гузашта шумори хориҷиён ва афроди бешаҳрванд, ки аз вилояти Маскав ихроҷ шудаанд, тақрибан ду баробар афзоиш ёфтааст.