ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) рӯйхати тозаи доваронеро, ки соли 2025 дар бозиҳои байналмилалӣ ҳакамӣ мекунанд, нашр намудааст.
Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ додааст.
Шумораи квотаи ҳакамони Тоҷикистон нисбат ба соли 2024 аз 14 ба 17 нафар афзоиш ёфт.
Ба рӯйхати доварони байналмилалӣ аз Тоҷикистон 17 довар – 6 довари ФИФА, 8 ёвари довари ФИФА ва ду довари футзали ФИФА дохил мебошанд.
Ду довар – Гулмуроди Саъдулло ва Зуҳал Хуҷаназарова, ки ба рӯйхати видеодовари ФИФА дохил шуданд, ҳаққи доварӣ дар бозиҳои байналмилалиро ҳамчун VAR пайдо карданд.
Бояд зикр намуд, Лигаи футболи Тоҷикистон (ЛФТ) аз рӯи ҷамъбасти мавсими 2024 ҷоизаи беҳтарин довари солро ба Насрулло Кабиров аз шаҳри Норак супурд.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон фаъолияти доварони ФФТ-ро шадидан танқид кардаанд.
Онҳо ба Департаменти доварон ва нозирони ФФТ тавсия доданд, ки сатҳи доварӣ беҳтар карда шавад, аммо дафтари матбуотии ин ниҳод сабабҳои танқиду норозигиҳо аз ҳакамонро шарҳ надодааст.
Аммо дар ҳаминҳо Кумитаи иҷроияи ФФТ ба хотири баланд бардоштани сифати доварӣ тасмим гирифт, ки музди маоши доварон, нозирон ва комиссаронро дар мавсими нав 30 дарсад боло баранд.
Аммо сар аз соли 2025 довароне, ки дар бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон кор мекунанд, барои холҳои пасти гирифтаашон ҷарима хоҳанд шуд, гуфтааст, манбаъ.