ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе даври сеюми Олимпиадаи фаннии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии пойтахт шурӯъ шуд.
Дар ин бора Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар дод.
Манбаъ афзуд, ки маросими бошукуҳиифтитоҳи даври сеюми шаҳрии олимпиада дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии Рақами №19 дар ноҳияи Сино баргузор гардид.
Дар рӯзи аввали олимпиада 1048 хонанда аз чор ноҳияи шаҳри Душанбе иштирок намуданд. Акнун беҳтаринҳо аз миёни 1048 хонандаи макотиби Душанбе ба даври ҷумҳуриявӣ роҳхат мегиранд.
Таъкид шуд, ки ташкили озмуну олимпиадаҳо яке аз воситаҳои муҳими дарёфти хонандагони боистеъдод ва лаёқатманд ба ҳисоб меравад.
Ба иттилои Сарраёсати маорифи пойтахт ҳаракати олимпии хонандагон торафт вусъат ва шумораи бештари хонандагонро фаро мегирад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш амрҳои Эмомалӣ Раҳмон дар бораи баргузор кардани озмунҳои ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст", - Тоҷикистон - Ватани азизи ман" ва "Илм - фурӯғи маърифат" интишор шданд ва ҳаҷми умумии маблағи ҳар се озмун 23,5 млн сомонӣ аст.