Президенти Русия Владимир Путин мардуми Русияро дар паёми солинавӣ табрик кард.
Роҳбари Русия дар паёмаш қайд кард, ки Русия тавонист ба мушкилтарин чолишҳои соли гузашта посух диҳад.
Ба гуфтаи вай, дар оянда ҳалли масоили мухталиф дар пеш аст, вале аз он чизе, ки аллакай анҷом дода шудааст, ба таври метавон фахр кард.
"Ҳоло, дар остонаи соли нав, мо боварӣ дорем, ки ҳама чиз хуб мешавад", - гуфт раисҷумҳури Русия.
Оқои Путин ҳамчунин ба низомиён муроҷиат карда, қайд кард, ки андеша ва умеди хешовандон ва дӯстони онҳо ва фикри миллионҳо нафар дар саросари кишвар ҳоло бо онҳост.
Вай онҳоро қаҳрамонони мардумӣ номид, ки Русия бо мардонагӣ ва далерии онҳо фахр мекунад.
Кишвардори Русия илова кард, ки соли оянда 80умин солгарди Ғалаба таҷлил мешавад. Вай афзуд, ки соли 2025 дар Русия Соли муҳофизони Ватан эълон шудааст.
Путин қайд кард, ки кишвар дар семоҳаи аввали асри 21 ба шарофати ваҳдати мардум бисёр рӯйдодҳои густурдаро сипарӣ кард.
Кишвар дар назди худ мақсадҳои калон гузошта, ба онҳо ноил гардид.
Ба гуфтаи президент, ба хотире, ки мардуми Русия муттаҳид буд, чандин бор мушкилотҳои гуногунро паси сар кардаанд.
“Ин аст, ки ягонагии мо, боварии мо ба худ, ба кувваю имкониятхои худ мустахкам гардид”, илова кард оқои Путин.
Вай ба ҳар як хонадони Русия, ба ҳар як оилаи Русия оромӣ ва шукуфоӣ таманно кард.