Лукашенко хостори ташкили бозори ягонаи энергетикӣ дар ҳудуди ИИАО шуд

Раёсат дар ИИАО ба ҷумҳурии Белорус гузашт ва раисҷумҳури ин кишвар эълон кард, ки барои ташкили бозори ягонаи энергетикӣ талош хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 1 янв - Sputnik. Раҳбари Белорус Александр Лукашенко гуфт, ки аз кишвараш зимни раёсат дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё, барои таъсиси инфрасохтори ягонаи нақлиётӣ ва бозори умумии энергетикӣ талош хоҳад кард, иттилоъ додаастт хабаргузории РИА “Новости”.
Ба гуфтаи вай, бояд бозоре ташкил карда шавад, ки манфиати ҳеҷ кишвар поймол нашавад.
“Ташаккули фазои ягонаи нақлиётиро бо қабули шартҳои баробар, бидуни поймоли манфиатҳо ва таъмини рақобати одилона, бахусус ҳангоми анҷом додани ҳамлу нақли ҳавоӣ байни кишварҳои узв бояд анҷом дод. Корҳо ҷиҳати бекор кардани низоми иҷозатдиҳӣ барои ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ ба кишварҳои сеюм ва аз кишварҳои сеюм бояд идома дода шаванд”, - гуфтааст оқои Лукашенко.
Эрон дар ИИАО мақоми кишвари нозирро дарёфт кард
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.
Ин дар ҳолест, аз 1 январи соли 2025 ҳукумати Русия транзити газ ба кишварҳои Иттиҳодияи Аврупоро тавассути Украина қатъ кард. Созишномаи байни ду давлат ба охир расид ва тамдид нашуд. Тавре намояндагони Вазорати энергетикаи Украина изҳор доштанд, мақомоти Киев аллакай омодаанд, ки гази Русия тавассути ин кишвар ба кишварҳои аврупоӣ намегузарад.