Дақиқаҳои аввал даҳшатнок буд: Эҳсосоти тоҷики наҷотёфта аз суқути ҳавопаймои озарӣ

Субхонқул Раҳимов, ки дар суқути ҳавопаймо дар Қазоқистон зинда монд, дар бораи фавран расонидани кӯмаки ҷониби Қазоқистон нақл кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 дек — Sputnik. Субҳонқул Раҳимов, зодаи Тоҷикистон ва мусофири ҳавопаймои суқуткардаи озарӣ ба Sputnik Тоҷикистон тафсилоти ҳодисаи суқути ҳавопайморо шарҳ дод.
Вай дар сӯҳбат дар бораи фаъолияти фаврии ҷониби Қазоқистон таъкид кард.
"Онҳо дар давоми панҷ дақиқа ба ҷои ҳодиса расиданд. Метавон гуфт, ки ман танҳо ба худ омадам, ки мошини ёрии таъҷилӣ аллакай дар он ҷо буд. Ман ба ӯ [ронандаи мошини ёрии таъҷилӣ] гуфтам, ки зуд ба макони фалокат расидед ва ӯ ҷавоб дод, ки ҳавопайморо дар фурудгоҳ интизор буданд, фикр мекарданд, ки он ҷо фуруд мекунад, аз ин рӯ ҳамаи оташнишонҳо ва наҷотбахшон омода буданд, аммо ҳавопаймо чанд километр дуртар аз фурудгоҳ суқут кард. Ҳама анҷоми аз ин бадтарро интизор доштанд ва пешакӣ омодагӣ диданд", - гуфт ӯ.
Раҳимов гуфт, дар аввал онҳоро ба бемористони маҳаллӣ бурданд ва дар он ҷой ба ӯ ёрии аввалия расониданд, вале баъдан вазорати ҳолатҳои изтирории Русия, ӯ ва дигар шаҳрвандони Русияро ба Маскав бурданд.
Зодаи Тоҷикистон дар бемористони Склифосовскийи шаҳри Маскав бистари шудааст. Қарор аст ӯ аз ташхиси тиббӣ гузарад ва сипас агар саломатиаш хуб бошад танҳо дар ҳамин сурат табибон ӯро ба хона ҷавоб хоҳанд дод.
Суқути ҳавопаймо бо 72 нафар дар Қазоқистон
Ба гуфтаи ин мард, ӯ воқеан мехоҳад ба хонааш ба назди зану фарзандонаш баргардад, аммо то замоне, ки пизишкон ӯро ҷавоб надиҳанд, ӯ дар бемористон хоҳад монд.
Ҳангоми парвоз Субхонқул Раҳимов дар курсиҳои ахири ҳавопаймо нишаста буд, ки ҳангоми суқут ҳамин қисмати ҳавопаймо зарар надид. Мард камарбанди бехатариашро боз накард, ки ба гуфтаи ӯ, маҳз ҳамин ӯро наҷот додааст.
Ӯ зодаи Тоҷикистон буда, 48 сол дорад. Ӯ шаҳрванди Русия аст ва дар Екатеринбург зиндагӣ мекунад. Чанде пеш дар оилаи ӯ дугоник ба дунё омаданд ва ин мард дар маҷмӯъ соҳиби шаш фарзанд аст.
Ҳавопаймои ширкати "Azerbaijan Airlines" рӯзи 25-уми декабр, ки аз Боку ба Грозний парвоз мекард, дар секилометрии Оқтау, дар ҷануби Қазоқистон нишасти изтирорӣ анҷом дод.
Канат Бозумбаев, муовини нахуствазири Қазоқистон, гуфтааст, аз 67 нафаре, ки дар дохили ҳавопаймо буданд, 38 нафар ба ҳалокат расида, 29 кас зинда монд. Аҳволи 11 мусофири зиндамонда вазнин гуфта мешавад.
ВУХ: дар ҳавопаймое, ки дар Қазоқистон суқут кард, шаҳрвандони Тоҷикистон набуданд
Аз 67 мусофир ва ҳайати парвоз, 42 нафарашон шаҳрванди Озарбойҷон, 6 кас аз Қазоқистон, 3 нафар қирғизистонӣ ва 16 каси дигар табааи Русия будаанд.
Фарзияи расмии суқути ҳавопаймо феълан маълум нест ва таҳқиқ идома дорад. Бархӯрд бо селаи паррандаҳо, таркиши баллони кислород дар дохили ҳавопаймо ва мушкили фаннӣ аз сабабҳои эҳтимолии садама гуфта мешавад.