ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Хаёл Муҳамадғаюр афзуд раиси пулиси роҳнамоӣ ва ронандагии шаҳри Кобул, гуфт, ки ҳукумат ба тамомии занон иҷоза дод, ки барои ронандагӣ , гувоҳинома бигиранд, иттилоъ додааст радиои дарӣ.
“Мушкиле дар ин замина вуҷӯд надорад”, - қайд кард ӯ.
Вай таъкид кард, ки афзоиши теъдоди ронандагони зан мунҷар ба коҳиши мушкилоти онон шуда ва ин мавзӯъ, вазъияти трафик (танбашави)-ро беҳбуд бахшидааст.
Занони афғонистонӣ низ мегӯянд, ки ронандагӣ ҳазинаҳои онон ва низ нигаронӣ аз азият ва озорҳои хиёбонӣ ва дуздиро коҳиш додааст.
Тибқи омори раёсати трафики Афғонистон, аз оғози имсол токунӯн, 180 зан дар Кобул гувоҳинома ронандагӣ дарёфт кардаанд.
Муҷаввизи Толибон* барои ронандагии занон дар ҳолеаст ки маҳдудиятҳои ин гурӯҳ барои фаъолиятҳои иҷтимои, ба монанди кор ва таҳсил накардани занони фишорҳои зиёдиро бар ин қишр ворид кардааст.
*-гурӯҳ барои амалҳои террористиаш таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.