ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия гуфт, кишвараш омода аст, ба Тоҷикистон дар чаҳорчӯби раёсати ҷумҳурӣ дар Иттиҳодияи Давлатҳои Мустақил дар соли оянда кумакҳои лозимаро ироа кунад.
"Аз 1 январи соли ҷорӣ Русия вазифаи раисии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро ба Тоҷикистон вогузор мекунад, ба Эмомалӣ Шарипович ва ба ҳамаи дӯстони тоҷики худ муваффақият таманно дорам, ки мо аз ҷониби худ омодаем, ки тамоми кӯмакҳои заруриро расонем", - гуфт Владимир Путин.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи чаҳоршанбе дар вилояти Ленинградb, дар наздикии шаҳри Санкт-Петербурги Русия дидори ғайрирасмии раҳбарони кишварҳои ИДМ сурат гирифт.
Раҳбари Русия ҳамчунин дар дидори ғайрирасмии сарони ИДМ дар шаҳри Санкт-Петербург гуфт, ки амиқтар шудани шарикӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) ба манфиатҳои кишварҳои узви Иттиҳодия мебошад.
"Дар маҷмӯъ, ман итминон дорам, ки амиқтар шудани шарикӣ дар доираи Иттиҳод дар соҳаҳои гуногун ба манфиати куллии мардуимони кишварҳоямон аст ва итминон дорам, ки мо дар оянда ҳам барои ҳалли масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, таҳкими субот ва амният талош хоҳем кард” - гуфт роҳбари Русия.
Ба гуфтаи Путин, кишварҳои муштаракулманофеъ ҳамкориҳоро дар мубориза бо ифротгароӣ, ҷиноятҳои фаромарзӣ, қочоқи маводи мухаддир афзоиш додаанд.
Президенти Русия аз баргузории бомуваффақияти машқҳои зиддитеррористии ИДМ дар Ӯзбекистон ва барномаи қабулшудаи ҳамкорӣ оид аз байн бурдани тундгароӣ ёдовар шуд.
Ба гуфтаи раҳбари Русия, “Робитаҳои густурдаи башардӯстонаи байни кишварҳо ба таърихи муштараки чандинасра, ба ҳамбастагии амиқи фарҳангҳо, арзишҳои муштараки ахлоқию маънавӣ, пайвандҳои наздики хешутаборӣ ва оилавӣ асос ёфтаанд”.