Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Артиши Русия ба фурудгоҳҳои низомии Украина зарба зад

Артиши Русия чанд анбори аслиҳа ва фурудгоҳҳои низомӣ дар ҳудуди Украинаро мушакборон кард. Ҳамаи ҳадафҳо нобуд карда шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Ба иттилои вазорати дифои Русия, ҷангандаҳо ва атӯпҳои артиши Русия ба зерсохтори фурудгоҳҳои низомӣ, анборҳои аслиҳа, нуқтаҳои идораи ҳавопаймоҳои бесарнишин ва техникаи Қувваҳои Мусаллаҳи Украина зарба зада шуд.
Ба иттилои манбаъ, зарбаҳо ба 143 минтақа зада шуд.
"Артиши Русия ба инфрасохтори фурудгоҳҳои низомӣ, анборҳои лавозимоти ҷангӣ, постгоҳҳои идоракунии ҳавопаймоҳои бесарнишин, инчунин анборҳои душман зарар расонида шуд. Нерӯҳо ва техникаи ҳарбӣ дар 143 минтақа нобуд карда шуд”, - омадааст дар изҳороти вазорати дифоъ.
Падофанди ҳавоии Русия 11 мушаки мушакандози чандгонаи HIMARS-и истеҳсоли ИМА ва 56 паҳподро нобуд карданд.
Дар маҷмӯъ аз оғози амалиёти вижаи низомӣ ба иттило вазорати дифоъ 650 ҳавопаймо, 283 чархбол, 38 595 паҳпод, 590 системаи мушакии зиддиҳавоӣ, 19 972 танк ва дигар мошинҳои зиреҳпӯши ҷангӣ, 1504 мошини мушакандози чандгона, 20 010 тӯп ва хумпораандози саҳроӣ, 29 509 адад мошини махсуси ҳарбӣ нобуд карда шуд.
Поксозии вилояти Курск идома дорад: Талафоти артиши Украина наздик ба 44 ҳазор нафар расид
Ёдовар мешавем, ки Русия 24 феврали соли 2022 амалиёти низомиро дар Украина оғоз кард. Президент Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд”.
Ба гуфтаи ӯ, барои ноил шудан ба ин ҳадаф "ғайринизомисозӣ ва нозизудоии Украина" ва ба ҷавобгарӣ кашидани тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс пешбинӣ шудааст. Дар посух кишварҳои ғарбӣ алайҳи Русия таҳримҳои густурда ҷорӣ карданд.