ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Ба иттилои вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар ҳавопаймои шаиркати ҳавоии Озарбойҷон, ки дар наздикии шаҳри Актауи Қазоқистон суқут кард, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоштанд.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон хабар доданд.
"Дар ҳавопаймое, ки дар Актау суқут кард, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳузур надоштанд”, - хабар дод вазорат.
Ҳамзамон вазорат ба мардуми Озарбойҷон ба хусус ба наздикону пайвандони қурбониёни ҳавопаймои суқуткарда дар Қазоқистон изҳори ҳамдардӣ баён кардааст.
“Бо изҳори таъзияи амиқ ва ҳамдардӣ ба пайвандону наздикони фавтидагон, ҳамчунин ба зарардидагон шифои комил хоҳонем”, - қайд кардааст ВУХ-и Тоҷикистон.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Рустам Эмомалӣ раиси маҷлиси миллӣ, маҷлиси олии Тоҷикистон, ба ҳамтои озарбойҷониаш Сагиба Али гизи барқияи тассалӣ ирсол кардааст.
Дар бёнияаш Рустам Эмомалӣ навиштааст, ки хабари суқути ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии Озарбойҷон дар Актау ӯро сахт андӯҳгин кард.
“Аз номи худам ва аз номи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумо, инчунин ба пайвандону наздикони мусофирони фавтида изҳори ҳамдардии самимӣ менамоям. Ба ҳамаи осебдидагон шифои оҷил таманно дорам”, - навиштааст раиси маҷлиси миллӣ, маҷлиси олии Тоҷикистон.
Ёдовар мешавем, ки субҳи 25 декабри соли равон ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавоии Озарбойҷон, ки аз Боку ба самти шаҳри Грозний парвоз мекард, дар Актау суқут кард.
Ҳавопаймо аз Боку, ки ба самти шаҳри Грозний парвоз мекард, ба далели меғ (туман) аввал ба самти Махачкала ва сипас ба Актау равона шудааст.
Дар дохили ҳавопаймои 72 нафар буд – 62 мусофир ва 5 узви экипаж.
Бино ба иттилои Вазорати нақлиёти Қазоқистон, дар ҳавопаймо 37 шаҳрванди Озарбойҷон, 6 Қазоқистон, 3 Қирғизистон ва 16 шаҳрванди Русия ҳузур доштанд.
Ситоди фаврии вазорати ҳолатҳои изтирории Қазоқистон хабар медиҳад, ки тибқи маълумоти охирин, 27 нафар наҷотёфтагони суқути ҳавопаймо, аз ҷумла 3 кӯдак ба муассисаҳои тиббӣ интиқол дода шудаанд.