ДУШАНБЕ, 25 дек — Sputnik. Агентии обуҳавошиносӣ ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод, ки пагоҳ дар водиҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ бадшавии дурии биниш то 100 метрро ташкил медиҳад.
“Бинобар сабаби омилҳои номусоиди метеорологӣ (тормеғ, норасоии шамол, инверсияи ҳароратӣ, ворид гардидани ҳавои ғуборолуд аз қисмати минтақаҳои ҷанубу ғарбӣ), ки боиси ҷамъшавии моддаҳои ифлоскунандаи ҳаво ва мусоидат накардан ба парокандашавии моддаҳои таркиби ҳаво мегардад, то санаи 28 декабри соли ҷорӣ баланд будани ҳолати ифлосшавии ҳаво дар вилояти Хатлон, водиҳои Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе аз зарачаҳои андозаашон то 2,5 мкр (Рм-2,5) ва 10 мкр (Рм-10) дар назар аст” – иброз доштанд.
Ҳамчунин обуҳавошиносон мегӯянд хавфи фаромандани тарма дар баъзе минтақаҳои куҳии вилояти Суғд аз қабили шоҳроҳи автомобилгардӣ Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ ва ғарби ВМКБ, боқӣ мемонад.
Маврид ба зикр аст, ки сар аз санаи 23-уми декабр дар шаҳри Душанбе туман фаромада ҳатто боиси ба таваққуф гузоштани якчанд парвозҳо аз фурудгоҳи Душанбе, гардид.
Бояд гуфт санаи 23-уми декабр дурии биноиш дар шаҳри Душанбе аз 5 то 20 метрро ташкил медод.