Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Небензя: Зеленский аз тарси аз даст додани қудрат сулҳ бо Русияро намехоҳад

Намояндаи доимии Русия дар СММ бар ин бовар аст, ки Зеленский аз ҳар гуна музокироте мисли оташ метарсад ва аз ин рӯ ташаббуси сулҳро паси дигар рад мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 дек — Sputnik. Сулҳ барои Владимир Зеленский "бадтарин сенария" аст, зеро дар ин ҳолат ӯ бояд ба раъйдиҳӣ биравад.
Дар ин бора Василий Небензя, намояндаи доимии Русия дар СММ зимни нишасти Шӯрои амнияти ин созмон изҳор дошт.
"Сулҳ барои ӯ бадтарин сенария аст, зеро ӯ, ки тибқи баъзе маълумотҳо, ҳамагӣ 11% шаҳрвандони Украина пуштибонӣ мекунад, дар ин ҳолат маҷбур мешавад, ки ба раъйдиҳӣ биравад ва қудратро аз даст диҳад. Ва он гоҳ барои ҳамаи ҷиноятҳое, ки алайҳи мардуми худ содир кард, бояд ҷавоб диҳад", - гуфт Набензя.
Намояндаи доимии Русия бовар дорад, ки чаро Зеленский аз ҳар гуна музокироте мисли оташ метарсад ва ташаббусҳои сулҳро рад мекунад.
Вай ёдовар шуд, ки дар ин ҳафта пешниҳоди сарвазири Маҷористон Виктор Орбан дар бораи оташбаси Мавлуди Исо ва табодули асирон чӣ гуна буд. Ба гуфтаи вай, Зеленский ҳама корро мекунад, то "ҳар гуна ташаббусҳои сулҳомез" халалдор шавад ва Русияро ба ташаннуҷ барангезад.
Русия бе назардошти андешаи дигарон тасмим мегирад: Нукоти асосӣ аз нишасти Путин
"Президенти замони гузаштаи Украина, ки дар майдони ҷанг нокомиҳои фалокатборро аз сар мегузаронад, ҳама корро мекунад, то ҳама гуна ташаббусҳои сулҳомезро халалдор кунад ва Русияро ба таври куллӣ ташдиди низоъ таҳрик диҳад", - илова намуд Небензя дар ҷаласаи Шӯрои амнияти СММ.
Ба гуфтаи ӯ, Зеленский омодааст қудрати худро бо ҳар қимат, ҳатто ба қимати ҷони шаҳрвандони Украина нигоҳ дорад, омода аст, тамоми кишварро, ки ба гаравгонаш табдил ёфтааст, дар хатар гузорад ва тамоми шаҳрвандони онро қурбон кунад.