Пас аз як моҳи “лимит” - у “газ нест” нархи гази моеъ дар Тоҷикистон арзон шуд

Бар фарқ аз як моҳи қабл, нархи гази моеъ дар шаҳру навоҳии Суғди Тоҷикистон поён шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 дек – Sputnik. Бино ба тоблӯҳое, ки ширкатҳои фурӯши маводи сӯхт дар шаҳри Хуҷанд насб кардаанд, нархи гази моеъ ба 7,4 сомонӣ арзон шудааст. Дар ноҳияҳои атрофи Хуҷанд мушоҳида мешавад, ки қимати ин навъ маводи сӯхт аз ин ҳам поёнтар аст.
То чанд рӯзи пеш арзиши гази моеъ марзи 8 сомониро убур карда буд.
Ҳоло дар муқоиса ба як моҳи пеш, ки дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон мушкили камбуди газ, ки сабаби беист гароншавии он гардида буд, дубора поёнравии нарх ба назар мерасад.
Дар ширкатҳои фурӯши сӯзишвории нақлиёт (АЗС) дар шаҳри Хуҷанд сабаби поёнравии нархи газро ба арзиши воридоти он шарҳ доданд.
Танҳо ба кишварҳои ИИАО: Қазоқистон содироти бензин ва дизелро манъ хоҳад кард
Яке аз роҳбарони чунин ширкатҳо ба Sputnik Тоҷикистон дар бораи нархи яклухти гази моеъ иттилоъ дод.

“Як моҳи пеш нархи ҳар кило гази моеъ то ба 15,5 - 16 сомонӣ дакка зада буд, ки ба сари ҳар як литр қариб 8 сомонӣ рост меомад. Хушбахтона ду се рӯз аст, ки нархи ҳар килои газ ба 12,5 сомонӣ поён фаромад ва ба ин тартиб нархи фурӯши чакана то ба 7,4 сомонӣ арзон шуд” – гуфт, мусоҳиби мо.

Як моҳи пеш бинобар камбуди газ, дар аксар таъмингоҳҳои маводи сӯхт барои фурӯши гази моеъ лимит ҷорӣ гардида, тибқи он хариддории газ аз соати 23:59 то 08:00 -и субҳ имконпазир буд.
Аз суи дигар баъзеи дигар ширкатҳо ба камбуди воридоти гази моеъ дучор гардида буданд.
Ҳоло аз тоблуҳо дида мешавад, ки дар аксари ширкатҳо хариддории гази моеъ ба нархи 7,4 – 7,2 сомонӣ имконпазир шудааст.
Дар рӯзҳои сарди зимистон имконпазир будани хариди гази моеът ва он ҳам бо нархи нисбатан арзон аз ҳафтаҳои қаблӣ рӯҳияи сокинон, аз ҷумла ронандагони воситаҳои нақлиётро гарм мекунад.
Арзиши сӯзишворӣ дар Тоҷикистон чӣ гуна тағйир ёфт?
Алҳол нархи дигар навъҳои сӯзишвориро ширкатҳо дар навоҳии Суғд муқаррар кардаанд:
Бензини - АИ 95 – 10,6 - 10,9 сомонӣ
Бензини - АИ 92 – 10,4 – 10,5 сомонӣ
Дизел - 11,4 -11,6 сомонӣ.
Бино ба маълумотҳои оморӣ кишварҳои Қазоқистону Русия воридкунандаҳои асосии маводи сӯхт ба кишвари Тоҷикистон маҳсуб мешаванд.