ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Дар Конибодом давоми ҳамагӣ 8 рӯз ҷасади 10 нафар аз сокинони ноҳия бо аломатҳои марги маҷбурӣ пайдо гардидаанд.
Пас аз ин ҳодисаҳои даҳшатбор, раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Конибодом рафт ва бо сокинону мақомдорони он ҷо мулоқот кард.
Зимни суҳбат Аҳмадзода зикр намуд, ки ҳодисаҳои куштори сокинон дар чанд рӯзи ахир ҷомеаи шаҳрвандиро ба таҳлука андохтааст.
Ба гуфтаи ӯ , барои ошкорсозии ҷиноятҳои нангин ва ҷазо додани гунаҳкорон сохторҳои қудративу ҳифзи ҳуқуқ сафарбар гардида, барои дарёфти ҷинояткорон ҷаҳду талош меварзанд.
"Барои ин беҳтарин муфаттишону коршиносон аз тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот сарҷамъ омада, донишу малакаи касбии худро баҳри дар мӯҳлатҳои кутоҳтарин пайдо намудани ҷинояткорон равона сохтаанд", - таъкид намуд ӯ.
Раиси вилоят аз мардум хост ба таҳлука наафтанд, балки баръакс бо мақомотҳои дахлдор барои ҳар чӣ зудтар ошкар кардани ин ҷиноятҳои нангин ҳамкорӣ кунанд.
Дар идома ӯ зикр намуд, ки тафтишоти ин ҳодисаҳо зери назорати роҳбарияти давлат қарор дорад.
Аҳмадзода ба мақомдорон тавсия дод, ки ташкили навбатдорони ихтиёрӣ, чароғон кардани кӯчаву маҳаллаҳо ва насби камераҳои назоратиро роҳандозӣ кунанд.
Ёдовар мешавем, ки куштори сокинони Конибодом аз моҳи апрели имсол шурӯъ шуд ва то ҳол маълум нест, ки ин ҳодисаҳои як занҷиранд ва ё аз ҳам ҷудо. Беш аз 20 нафар дар ин ноҳия ба таври мармуз кушта шуд ва мақомот то ҳол дар ошкор кардани ин ҷиноятҳо оҷизӣ мекашад