Ҳоло нишондиҳанда барои ҳисобҳо 72 сомонӣ аст ва соли оянда 75 сомонӣ мешавад.
Аз 1-уми январи соли 2025 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки маблағи пардохти ҷарима, боҷу андоз, кумакпулиҳо ва дигар пардохтҳо ба он вобаста аст, 3 сомонӣ зиёд мешавад.
Дар ин бора дар матни қонуни Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2025, ки аз сӯи парлумон қабул шуд, зикр мешавад.
Фозилҷон Фаттулоев, иқтисоддон ба Sputnik Тоҷикистон таъкид кард, ки нишондиҳанда асосан барои ҳисобҳо барои ҳисоб кардани андозҳо, боҷҳо, дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ҷаримаҳо, пардохтҳои иҷтимоӣ истифода мешавад.
Дар буҷа бо назардошти сатҳи таварруме, ки барои соли мувофиқ пешбинӣ шудааст, муқаррар карда мешавад.
Корҳинос таъкид кард, ки бо ҷорӣ кардани нишондиҳандаи нави ҳисобҳо, мутаносибан маблағи андозҳо, боҷҳо, ҷаримаҳо, пардохтҳои ҳатмӣ, кӯмакпулиҳои иҷтимоӣ, иловаҳо ва дигар пардохтҳо низ тағйир меёбад.
Тафсилоти бештар дар видео Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед.