ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Дар Кумитаи баргузории мусобиқаҳои ФФТ барои муайян кардани нақшаҳои лигаи олии Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид.
Ба иттилои ФФТ, ҷаласа таҳти раёсати ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов сурат гирифт.
Манбаъ афзуд, ки дар ҷаласа замони оғози мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистонро 7 март эълон карданд.
"Мисли имсол чемпионати Тоҷикистон дар ду давра бо ширкати 12 даста баргузор мешавад. Умуман давоми мавсим ҳар як даста дар чемпионат 22 вохӯрӣ мегузаронад. ", - таъкид шуд дар ҷаласа.
Зикр гардид, дастае, ки дар соли 2025 мақоми охиринро ишғол мекунад, ба лигаи якум меафтад ва дастае, ки дар чемпионат ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи лигаи якуми Тоҷикистон-2025 бозиҳои гузаришӣ мегузаронад.
Тибқи натиҷаи соли 2024 бошгоҳи "Куктош"-и ноҳияи Рӯдакӣ лигаи олии чемпионатро тарк мекунад.
"Ҳулбук"-и Восеъ, ки ғолиби лигаи якум гардид, соли 2025 ҳуқуқи иштирок дар чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олиро пайдо намуд.
Ҳамзамон санаи рақобат барои Суперҷоми кишвар дар соли 2025 пешниҳод кард.
"25 май, дар Рӯзи ҷаҳонии футбол дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон дар соли оянда миёни қаҳрамони кишвар – "Истиқлол"-и Душанбе ва барандаи Ҷоми Тоҷикистон-2024 – "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода дар назар аст", - омадааст дар хабари ФФТ.
Илова бар ин, дар ҷаласа беҳтаринҳои мавсими 2024 муайян карда шуданд ва рӯйхати беҳтарин бозигарону муррабиён ба Кумитаи иҷроияи ФФТ барои тасдиқ пешкаш шуд.
ФФТ тавзеҳ дод, ки ҳамаи тасмимҳои Кумитаи дар ҷаласаи навбатӣ, ки рӯзи 14 декабр баргузор мешавад, тасдиқ хоҳанд шуд.