ДУШАНБЕ, 11 дек — Sputnik. Дар қаламрави Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё бештар аз ҳама маош дар Белорус ва Русия зиёд шудааст, иттилоъ додааст Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.
Ба иттилои манбаъ, музди миёнаи моҳонаи номиналӣ ва воқеӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли 2024 дар ҳамаи давлатҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё зиёд шуд.
Суръати баландтарини афзоиши музди миёнаи моҳонаи воқеӣ дар Беларус (13%) ва Русия (9%) ба қайд гирифта шудааст.
Гуфта мешавад, маоши миёнаи номиналӣ дар моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ: дар Арманистон - 280,3 ҳазор драми арман ($713), Беларус - 2,2 ҳазор рубли белорусӣ ($690), Қазоқистон - 391,7 ҳазор танга ($854), Қирғизистон - 35,8 ҳазор сом ($409), Русия - 83,7 ҳазор. рубл ($928).
Ёдовар мешавем, ки охири моҳи январ раисҷумҳури Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳи накуаҳволии мардуми кишвар фармон додааст, ки маошу стипендия боло бурда шавад.
Тибқи фармон аз 1 январи соли 2024 маоши хизматчиёни ҳарбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони дигари ин мақомот ба андозаи ба андозаи 40% зиёд карда мешавад.
Бар асоси ин санад, маоши заминавӣ барои ҳисоб намудани коэффитсиентҳо барои рутбаҳои ҳарбии хизматчиёни ҳарбӣ ва махсуси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз рутбаи қаторӣ то лейтенант 1390 сомонӣ ва аз рутбаи лейтенанти калон то генерали артиш 1250 сомонӣ муқаррар карда мешавад.
Андозаи маоши заминавӣ барои хизматчиёни давлатии мансабҳои маъмурии категорияҳои олӣ, якум, дуюм, сеюм, чоруми хизмати давлатии мақомоти идораи давлатӣ ба андозаи 1250 сомонӣ ва барои мансабҳои маъмурии категорияҳои панҷум, шашум, ҳафтуми хизмати давлатии мақомоти зикргардида ба андозаи 1390 сомонӣ, ки дар сохторҳои ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ фаъолият менамоянд, муқаррар карда гардид.