Маълум шуд, ки дуюмин арчаи солинавии калонтарини Тоҷикистон дар куҷо насб мешавад

Дар маркази шаҳри Хуҷанд барои рост кардани арчаи солинавӣ корро шурӯъ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 дек – Sputnik. Барои иҷрои ин кор, ҳоло гурӯҳи кории ҳукуматӣ иборат аз сохтмончиёну барқкорони идораи ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналии шаҳри Хуҷанд дар хиёбони ба номи Исмоили Сомонӣ сафарбар шудаанд.
Тавре аз ҳукумати шаҳри Хуҷанд ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд, насби арча то се рӯзи дигар ба анҷом расонида шуда ба ин тартиб барномаҳои консертии соли навӣ шурӯъ аз 15 декабр баргузор хоҳанд шуд.
В центре города Худжанда начали устанавливать новогоднюю елку
Икром Юнусов, сармуҳандиси Сарраёсати ободонӣ ва хоҷагии манзилию коммуналииҳукумати Хуҷанд гуфт, арчаи имсола дар баландии 23 метр ва паҳноии 8 метр афрухта шуда, он бо лухтакҳо ва чароғакҳои рахшанда зеб дода мешавад.
“Арчаи солинавӣ ба мисли дарахти қадбаланди сӯзанбарг буда, дар болояш ситораи як метра дорад, ки давр мезанад ва ороиши он аз солҳои қаблӣ боз ҳам зеботар хоҳад буд” – гуфт сармуҳандис.
Ба ин тартиб маълум мешавад, ки ин арчаи Хуҷанд дуюмин арчаи солинавии калонтарин баъд аз арчаи шаҳри Душанбе дар Тоҷикистон хоҳад буд.
Ид наздик мешавад: Душанберо бо арчаҳои солинавӣ оро медиҳанд — акс
Арчаи солинавии пойтахти Тоҷикистон ҳамасола дар баландии 28 метр ва паҳноии 13 метр рос карда мешавад.
Бино ба иттилоъи масъулини ҳукумати Хуҷанд, қарор аст сар аз 15 декабр баргузории намоишнома ва чорабиниҳои фарҳангӣ ба истиқболи соли нави мелодии 2025 дар атрофи арча оғоз хоҳад шуд.