Созишномаи муваққатии тиҷорӣ миёни Муғулистон ва ИИАО ба имзо расид

Ҳукумати Русия аз тақвияти ҳамкориҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё бо Муғулистон таъкид кард ва созишномаи муваққатии тиҷорӣ ба имзо расид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 дек — Sputnik. Ҳукумати Русия созишномаи муваққатии тиҷорӣ байни Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва Муғулистонро ба имзо расонд.
Ба иттилои хабаргузории РИА “Новости” фармони дахлдор дар сомонаи расмии ҳукумати Русия нашр шудааст.
"Мутобиқи банди 1 моддаи 11 Қонуни федералии "Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Федератсияи Русия" лоиҳаи Созишномаи муваққатии тиҷорӣ байни Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё ва давлатҳои он, ки аз ҷониби Вазорати рушди иқтисоди Русия пешниҳод шудааст, тасдиқ карда шавад", - гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.
Илова бар ин, муовини сарвазири Русия Алексей Оверчук Созишномаи муваққатии тиҷории мазкурро аз номи Русия имзо мекунад ва дар ҳолати зарурӣ метавонад ба лоиҳа тағйироте ворид кунад, ки хусусияти бунёдӣ надоранд.
Тақвияти равобити ИИАО бо Муғулистон: Кай созишномаи ҳамкорӣ ба имзо мерасад?
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Муғулистон ва Русия дар мавриди тавсеа ва рушди ҳамкориҳо ба тавофуқ расиданд.
Эълон карда буданд, ки созишномаи муваққатии тиҷорати озод миёни Муғулистон ва Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё моҳи декабри соли 2024 баста мешавад.
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.