ДУШАНБЕ, 6 дек — Sputnik. Вакилони парлумони Қазоқистон ахиран дар ҷаласаи умумӣ тасвиби Созишномаи тиҷорати озод миёни Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё ва Эронро тасвиб карданд.
Ба иттилои дафтари матбуоти парлумони ин кишвар санади мазкур ба Сенат фиристода шуд.
Муовини вазири тиҷорат ва ҳамгироии Қазоқистон Қайрат Торебоев қайд кард, ки созишнома барои фароҳам овардани шароити мусоид барои тиҷорат бо Эрон аст.
"Имрӯз байни кишварҳои мо барои номгӯи маҳдуди молҳо низоми имтиёзнок ҷорӣ карда мешавад, ки созишномаи нав қариб содироту воридоти 90% намуди маҳсулотро бебоҷ пешбинӣ мекунад. Эрон узви Созмони ҷаҳонии тиҷорат (СҶТ) нест, мутаносибан боҷи баланди воридотӣ дар сатҳи 40 -50% -ро ҷорӣ мекунад. Ҳамчунин, ҷониби Эрон дар тиҷорат бо кишварҳои узви ИИАО фаъолона маҳдудиятҳои гуногунро аз байн мебарад. Эрон ӯҳдадор мешавад, ки барои аксари молҳо боҷҳои сифрӣ татбиқ кунад", - шарҳ дод ӯ.
Вай ҳамчунин аз дурнамои бозори Эрон, ки дар он беш аз 85 миллион нафар зиндагӣ мекунанд, ёдовар шуд.
Дар хулосаи кумитаи дахлдор гуфта мешавад, ки ҳадафи аслии созишнома эҷоди як минтақаи тиҷорати озод миёни Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ва Эрон, ҳамчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои воридоти мол ба бозори Эрон ва ҷалби сармоя ба кишварҳои узви ИИАО мебошад.