ДУШАНБЕ, 4дек — Sputnik. Суҳбати телефонии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев сурат гирифт, иттилоъ додааст Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, зимни суҳбат натиҷаҳои ҳамоиши COP-29, масъалаҳои алоҳидаи муносибатҳои дуҷониба, баррасӣ шуд.
Инчунин ду роҳбар дар заминаи раёсати ояндаи Тоҷикистон дар ИДМ, масоили ҳамкорӣ дар доираи ин созмонро низ баррасӣ намуданд.
Эмомалӣ раҳмон дар мулоқот бо Илҳом Алиев ба натиҷаҳои Саммити бомуваффақияти COP-29 дар Боку баҳои баланд дода, натиҷаҳои онро барои пешбурди минбаъдаи рӯзномаи ҷаҳонии иқлим хеле муҳим арзёбӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP-29) дар Боку иштирок кард.
Дар конфронси мазкур президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, сарони 80 давлат, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, роҳбарони ҳукуматҳо ва ҳайатҳои даҳҳо ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ иштирок намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси роҳбари давлати пешсаф дар пешбурди масоили ҷаҳонии обу иқлим дар ифтитоҳи ҳамоиши сатҳи сарони давлатҳо яке аз аввалинҳо шуда, суханронӣ намуд.
Ҳамчунин роҳбари Тоҷикистон дар чанд чорабиниҳои дигари иштирок ва суханронӣ кард.