"Дозвол" бекор шуд: хурсандии ронандагони тоҷик ҳадду канор надорад.

Аз моҳи ноябр иҷозаи ҳатмии транзити мошинҳои боркаш, ки ба ҳисоби миёна 300-400 доллар арзиш дошт, миёни Тоҷикистон ва Узбекистон лағв шуд
Sputnik
Шурӯъ аз 21 ноябри соли ҷорӣ рухсатномаи убури мошинҳои боркашонӣ миёни кишварҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон бекор карда шуд/
Мушкили дарёфту гароншавии рухсатнома ва ё “дазвол” барои мошинҳои боркашонӣ дар сарҳади миёни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон то ин вақт дар расонаҳои хабарӣ зиёд инъикос мешуд.
Ронандаҳои тоҷик изҳори нигаронӣ мекарданд, ки қимати дарёфти “дазвол” и Ӯзбекистон аз 60 доллари пешин то ба 300 – 400 доллар баланд шуд ва ин кору фаъолияти онҳоро ба мушкил мувоҷеҳ намуда буд.
Иҷозатнома барои боркашонӣ ё худ “дозвол” миёни Тоҷикистону Узбекистон бекор шуд
Ин масъала ниҳоят моҳи апрели имсол дар мулоқоти президентҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев мавриди баррасӣ қарор гирифт ва вакилони парлумони Тоҷикистону Ӯзбекистон ба бекоршавии он ризоият доданд.
Хабарнигори Sputnik Тоҷикистон ба гузаргоҳи наздисарҳадии “Фотеҳобод”-и ноҳияи Мастчоҳ дар марз бо “Ойбек”-и Ӯзбекистон сафар кард ва бо ронандаҳои боркаши тоҷик дар ин бора ҳамсуҳбат шуд.
Аксар ронандагони тоҷик изҳори хушнудӣ мекарданд, ки бо гузашти солҳо ин умедвории онҳо амалӣ гардид ва ҳоло бе харҷи изофӣ фаъолияти худро пеш бурда метавонанд.
Ҷамшед Ғозиев, ронанда, сокини ноҳияи Мастчоҳ гуфт, ки барои дарёфти ин санад ҳафтаҳо интизор шуда бо нархи баланд онро дастарас мекарданд.
“Набуд дазвол, ё ки мешуд ҳам 300 - 400 доллар буд. Ман шахсан худам то 400 доллар онро хариддорӣ кардаам. Барка ёбанд, ки инро бардоштанд ва кори мо хеле осон шуд” – таъкид кард, ронандаи мошини боркаш.
Ронандаҳои дигар ҳам иброз мекарданд, ки бо лағв шудани ин санад, ҳоло як ташвиши кори онҳо бартараф шудааст.
Масъулони идораи нақлиёти ҳукумати Суғд ҳам дар бораи аҳамияти ин масъала ишора карда, таъкид намуданд, ки бекоркунии дуҷонибаи “дазвол” барои бартарафшавии тамбашави (пробка) и мошинҳои калонҳаҷм дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва инчунин барои беҳтар кардани суръати боркашонӣ таъсири мусбӣ мерасонад.