Як қадам ба пеш: Мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии нави ФИФА тағйир ёфт

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар раддабандии ФИФА мавқеи худро боло бурда, ҳоло дар ҷои 104-ум қарор гирифт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) рейтинги дастаҳои миллиро нав кард.
Тоҷикистон дар ин феҳрист як зина боло рафтааст. Пештар ҷумҳурӣ дар мақоми 105 қарор дошт, вале ҳоло дар ҷои 104-ум мебошад.
Тибқи ҳисобҳои ФИФА мунтахаби Тоҷикистон 1203,08 хол гирифтааст.
Миёни дастаҳои мунтахаби кишварҳои Осиёи Марказӣ дастаи Тоҷикистон дар ҷои 3-юм аст.
Дар ҳамин ҳол, Узбакистон дар миёни кишварҳои минтақа дар ҷои 58-ум дар ҷаҳон, Қирғизистон дар ҷойи 103, Қазоқистон 107 ва Туркманистон дар ҷойи 144-ум пешсафанд.
Ситораҳои футбол ва шоу-бизнес ба "Мегафон Football Day" омодагӣ мебинанд
Ба сегонаи беҳтарин Аргентина, Фаронса ва Испания дохил шуданд. Дастаи Русия мақоми 34-умро нигоҳ дошт.
Ёдовар мешавем, ки беҳтарин нишондиҳандаи Тоҷикистон дар раддабандӣ дар моҳи феврали соли 2024 дар зинаи 99-ум буд. Дастаи мунтахаби кишвар пас аз баромади муваффақ дар даври ниҳоии Ҷоми Осиё дар Қатар тавонист ба чунин натиҷа ноил шавад.
Рейтинги ФИФА аз соли 1993 инҷониб тартиб дода мешавад. Қаблан беҳтарин ҷои тими Тоҷикистон дар зинаи 99-ум ва поинтарин раддабандӣ, ки мунтахаби кишвар дар он қарор дошт, 180-ум буд.