Санаи ҷаласаи солонаи ИИАО маълум шуд

Як рӯз пеш аз нишаст мулоқоти дӯстонаи раҳбарони кишварҳои ИДМ баргузор мешавад, ки дар он сарони кишварҳо дар фазои ғайрирасмӣ мулоқот хоҳанд кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 26 ноя — Sputnik. Ба гуфтаи ёвари президенти Федератсияи Русия Юрий Ушаков нишасти Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё дар Санкт-Петербург баргузор мешавад.
Ин чорабинӣ рӯзи 25 декабр дар қаламрави Русия бо дархости Арманистон, ки раиси Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) аст, баргузор мешавад.
"25 декабр дар Санкт-Петербург ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии АвруОсиё баргузор мешавад", - гуфт мақомдори рус.
Никол Пашинян, нахуствазири Арманистонро ҷаласаро раҳбарӣ мекунад.
Ушаков ҳамчунин афзуд, ки нақшаи имзои ҳеҷ санаде вуҷуд надорад.
Даъвати раҳбари ФСБ барои ҳифзи манфиатҳои ИИАО ва БРИКС
Як рӯз пеш аз ин, 24 декабр дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқоти дӯстонаи раҳбарони кишварҳои ИДМ баргузор мешавад, ки онҳо дар фазои ғайрирасмӣ мулоқот хоҳанд кард, гуфт ёвари президенти Русия.
Вай тавзеҳ дод, ки даъватномаҳо ба ҳарду мулоқот аллакай фиристода шудаанд.
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.